Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиёни офати табиӣ ба вилояти Хатлон


Бар асари боронҳои селу боришоти жолаи рўзҳои ахир дар ноҳияи Колхозободи минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон бештар аз дусад гектар кишти пахта ва полезӣ шуста шудааст. Назокатшоҳ Саёрабеков, корманди дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Дар натиҷаи боридани борони бошиддат ва жола бо хоҷагии халқи ноҳия зарари калон расид. Аз ҷумла дар хоҷагии «Гулистон» 80 гектар пахта, Ассотсиатсияи «Сомонӣ» 124 гектар пахта, қитъаҳои полезии шаҳрвандон 15 гектар ва кӯпрӯкҳои байнидеҳавӣ зарар диданд."
Аммо бар асоси иттилоъи мақомоти марбутаи кишвар ҳаҷми умумии хисороти молии ин офат мушаххас нашудааст. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Тағоймурод Эшзода, сардори дафтари иттилоъоти идораи сўхторнишонии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар моҳи равон чанд маврид оташсўзии киштзори ғалла низ дар ин минтақа пайвастааст.
Ин дар ҳолест, минтақаи Қўрғонтеппа, умдатарин мавзеи муносиб барои кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон мебошад, ки мардуми соири навоҳии минтақа ва аз ҷумла шаҳри Душанберо бо фаровардаҳои кишоварзӣ таъмин мекунад.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG