Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нави ADB барои кишварҳои Осиёи Марказӣ


Бонки Осиёии Рушд барномаи минтақавиеро барои чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ва Муғулистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш коҳиш додани шумораи занону кудакони гирифтори бемории камхунӣ ва ё анемия мебошад. Барои барномаи мазкур Бунёди Ҷопонии коҳиши камбизоатӣ 2 миллион доллар ҷудо кардааст.
Аз ҳисоби маблағи Бонки Осиёӣ кишварҳои минтақа бояд қонунгузории худро дар ростои таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат ислоҳ бикунанд ва бо бастани созишномаҳо тиҷорати ғизои босифатро дар миёни ҳам осон гардонанд.
Ри Ҳираока - мутахассиси Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, бемориҳое, ки бинобар норасоии ёд ва оҳан дар таркиби ғизо ба вуҷуд меоянд, назар ба кишварҳои дигари дар ҳоли рушд дар мамолики Осиёи Марказӣ зиёд ба назар мерасанд.
Ҳадафи барнома йодноксозии намак беҳтар кардани сифати ғизо ва осон гардонидани дастрасии мардуми камбизоат ба орди серғизо мебошад, мегӯяд мутахассиси Бонки Осиёии Рушд.
Рустам Воҳидов - муовини сартабиби Маркази эндокринологии Тоҷикистон мегӯяд, норасоии ёд дар бадани модар ба рушди системаи асаби тифли батни ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Норасоии оҳан бошад рушди ақлонии атфолро бозмедорад, аз ҷиҳати ақлонӣ кудаконро заъиф мекунад ва таъсири манфии шабеҳ ба калонсолон низ мерасонад. Вай меафзояд маҳз бинобар камии йод дар ғизо бештар атфолу модарони тоҷик ба бемории хатарноки ҷоғар гирифтор мешаванд.
Ба гуфтаи табиб, норасоии оҳан дар организм яке аз сабабҳои асосии маргу мири модарон ҳангоми таввалуд аст. Мутахассиси Бонки Осиёии Рушд Ри Ҳираока мегӯяд, мушкили норасоии маводи кимиёвии ёдшуда, ба сатҳи маърифати қишрҳои бузурги аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба низоми маориф ва беҳдошт зарба мезанад, фаъолиятнокии аҳолиро поён мебарад ва дар ниҳоят боиси давомдор мондани камбизоатӣ мегардад. Тибқи оморҳои гуногун беш аз 60 дар сади занони Тоҷикистон гирифтори бемории камхунӣ ҳастанд ва танҳо дар шаш моҳи соли равон танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 19 ҳазор нафар гирифтори бемории ҷоғар ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта се ҳазор нафар зиёдтар аст.
Дар барномаи Бонки Осиёии Рушд, ки коҳиш додани ин бемориҳоро дар назар дорад, корхонаҳои тавлиди намак ва орд низ ширкат намуда, 2 миллион доллар масраф мекунанд ва ҳамчунин ҳукуматҳои кишварҳои минтақа қариб 550 ҳазор долларӣ дар он саҳм мегузоранд.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG