Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби мухолиф ба телевизионҳо роҳ ёфтанд


Бо мусоидати Институти миллии демократии муносиботи байналмилалии Амрико тарҳи ҷадиди мубоҳисоти аҳзоби сиёсӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон омода шудааст. Даври аввали ин силсила мубоҳисот тавассути телевизони мустақили «Сомониён» пахш мешавад. Терренс Мак Гинти намоядаи доимии Институти демократии Амрико дар Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи таҳияи ин барнома гуфт: "Ҳадаф аз амалӣ кардани ин барномаҳо фароҳамсозии шароити мусовӣ барои куллияи аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати ибрози ақида ва назароташон дар мавзуъҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад."
То кунун як чунин мубоҳисоте тавассути радиёи "Азия плюс" пахш шудааст. Ва намояндаи Институти демократии Амрико мегӯяд, амали кардани чунин барномаҳо бо соири дигар расонаҳо, аз ҷумла радио ва телевизионҳои давлатӣ низ дар назар аст.
Оқои Мак Гинтӣ афзуд: «Мо умед дорем ин барномаҳо аз имрӯз оғоз шуда ва ҳафтае як маротиба то замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар ҳафт моҳи оянда идома хоҳанд кард.»
Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Зоиров раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегӯяд, фароҳам шудани чунин шароит на танҳо барои ибрози назарҳо, балки барои боло бурдани сатҳи мубодилаи афкор ва баҳсҳои сиёсӣ низ кӯмак мекунад: "Аҳамияташ дар он аст, ки мо оҳиста як гуфтугӯи маданиро меомӯзем. Аз тарафи дигар ин барнома характери омӯзишӣ ҳам дорад, аз тарафи дигар омода кардани қувваҳо ва ё кадрҳое, ки барои ояндаи Тоҷикистон ва демократисозии Тоҷикистон зарур мебошанд."
Аммо Терренс Мак Гинтӣ - намояндаи Институти миллии демократии Амрико мегӯяд, шояд як натиҷаи дигари ин барнома он шавад, ки телевизиони «Сомониён», ки танҳо барои се моҳ муҷаввизи фаъолият дарёфт кардааст ва бо баҳонаи идомаи ин барномаҳо битавонад муҷавизи фаъолияташро тамдид кунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG