Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷҳизоти нав барои марзбонони тоҷик


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе аз номи вазорати дифоъи ин кишвар ба маблағи 240.000 доллари амрикоӣ кӯмаки фаннӣ иборат аз зарфҳои нигаҳдории сӯзишворӣ ва дастгоҳҳои хурди тавлиди барқ ва ё генераторҳо дар ихтиёри Кумитаи марзбонии Тоҷикистон қарор дод. Сабза Саркоров - ноибраиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар ин иртибот ба Радиои Озодӣ гуфт, қисмҳои марзбонӣ бавижа ба генераторҳо ниёзи бештар доштанд: «Қисмҳои ҳарбии мо аз шаҳрҳо дур ҳастанд ва зимистон бисёре аз онҳо аз барқ маҳруманд. Акнун генераторҳо ҳамон қисмҳоро бо барқ ҳаматарафа таъмин мекунанд.»
Ҷаноби Саркоров гуфт, акнун бо ин генераторҳо марзбонон дар рӯзҳои бебарқӣ аз компютер ва дигар таҷҳизоти қаблан боз ҳам аз тарафи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида тақдимшуда истифода хоҳанд кард. Гуфтанист, ки фанновариҳои қаблан тақдимшуда иборат аз компютерҳо, принтерҳо, сканнерҳо ва ламинаторҳо маблағи умумии беш аз сад ҳазор долларро ташкил медод.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG