Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Консепсияи нави вазорати кори Тоҷикистон


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тарҳи консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсили ибтидоии касбиро омода кардааст ва қарор аст, масъалаи такмил ва қабули ин лоиҳа тирамоҳи соли ҷорӣ дар ҳукумати Тоҷикистон матраҳ бигардад.
Музаффар Атахонов - муовини сардори идораи маълумоти касбии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, тарзи таълим дар ин самт ҳамоно аз рӯи меъёрҳои солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни гузашта ба роҳ монда шудааст ва ҷиддан таҷдиди назар ва навгониҳои мувофиқ ба талаботи имрӯзаи бозори корро мехоҳад. Ба гуфтаи ҷаноби Атахонов, дар сурати қабул шудани консепсия пиёда намудани он дар се марҳала дар назар аст: «Консепсия албатта дар як солу ду сол иҷро намегардад. Он дар се марҳала бояд иҷро гардад. Марҳалаи аввал то соли 2010, марҳалаи дуввум то соли 2015 ва марҳалаи саввум то соли 2020.»
Музаффар Атахонов мегӯяд, Тоҷикистон ягона кишвари собиқ Шӯравист, ки қонуни вижа оид ба маълумоти ибтидоии касбиро соли гузашта қабул кардааст. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон дар муассисаҳои вижаи таълимии фаннӣ сурат мегирад. Айни ҳол дар кишвар 72 чунин муассиса фаъолият мебарад ва дар он ҳудуди бист ҳазор хонанда таълим мегирад. Касбҳои маъмултарине, ки дар ин муассасот таълим дода мешавад, таъмиргари барқ, устои радиову телевизион ва компютер, муҳосиб, қаннод, ошпаз, дузанда, челонгар, харрот, дуредгар, кафшергар ва гайра мебошад. Таҳиягарони консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бар ин назаранд, ки қабули консепсия талоше барои ҳалли мушкилоти афроди бекасб, махсусан ҷавонон ва муҳоҷирони корӣ мебошад.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG