Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи нави телефонӣ дар Кӯлоб


Сайёфи Мизроб аз шаҳри Санкт-Петербург

Аз 5000 нуқтаи телефон, ки дар Кӯлоб фаъол аст, беш аз 95 дарсади онҳо ба шабакаҳои рақамӣ (digital) васл шуданд. Ба гуфтаи масъулони ширкати "Тоҷиктелеком" баробари ба кор даровардани дастгоҳҳои рақамӣ бояд сифати гуфтугӯи телефонӣ дар шаҳр ба талаботи байналмилал ҷавобгӯ гардад.
Саъдулло Кароматов - сарвари шӯъбаи ҷамъияти саҳҳомии "Тоҷиктелеком" дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, истгоҳи алоқаи ҷадид имкони хидматрасонӣ ба 10.000 нуқтаи телефониро дорад. Дар ҳамин маврид, дар шаҳр симҳои зеризаминии телефонҳо қариб ба пуррагӣ иваз шудаанд.
Қиммати васл бо шабакаи рақамӣ 90 дирам аст. Мизоҷон барои ҳар дақиқаи гуфтӯгу пул медиҳанд. Барои 1 дақиқа 1 дирам. Дар ҳамин маврид, ширкати "Тоҷиктелеком" тасмим гирифтааст, телефонҳои шаҳрро бо истгоҳи алоқаи ҷадиди НЕК пайвандад. Гуфта мешавад, тавассути ин шабака Кӯлоб бо дигар шаҳрҳои кишвар равобити хуби телефонӣ хоҳад дошт.
Сайёфи Мизроб аз Кӯлоб
XS
SM
MD
LG