Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қолинҳои Қайроққум дар Душанбе


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Рўзи чаҳоршанбеи 21 июл дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Қолинҳои Қайроққум» ифтитоҳ шуд. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти аслии корхона иборат аз анвои мухталифи қолинҳо ба маърази намоиш гузошта шудааст. Ба гуфтаи Санавбар Расулова, намояндаи корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дар Душанбе ва яке аз масъулони ин намоишгоҳ, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ ошноии мардум ба маҳсулоти як корхонаи дохилӣ ва ҷалби таваҷҷўҳи корхона ва ширкатҳои саноатии дохиливу хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» мебошад: "Ин намоишро мо барои он ташкил кардем, ки мардум фаҳмад, ки мо чӣ гуна маҳсулот дорем ва ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ бо онҳо ошно шаванд."
Дар баробари намоиши колинҳо фурўши ин маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст. Қолинҳои ба маърази намоиш гузошташуда аз 6 то 390 сомонӣ арзиш доранд. Хурдтарини ин фаршҳо барои остонаи хона ва намозгузорӣ буд.
Намоишгоҳи қолинҳо, ки дар саҳни бузурги вазорати саноати Тоҷикистон доир мегашт, таваҷҷӯҳи шумори зиёди тамошогаронро ба худ ҷалб кардааст. Сарфи назар аз он ки қолинҳо сифати баланду арзиши на он қадар гарон доштанд, аммо аз арзиши феълии маҳсулоти қолинии пешниҳодшуда на ҳама харидорон изҳори ризоият мекарданд.
Ба гуфтаи Муҳаммадраҷаб Ҳанафиев, арзиши ин қолинҳо бояд бист фисад коҳиш дода шавад, то бо маҳсулоти корхонаҳои хориҷии тавлидкунандаи фаршҳо, ки моли онҳо бозорҳои Тоҷикистонро забт кардааст, рақобат кунад: "Воқеан ҳам агар нархои он нисбатан ҳам 20 фоиз арзон мебуд, барои мардум бештар дастрас буд. Қолинҳое, ки бисёр сифати паст дорад ва аз хориҷ ба кишвари мо ворид мегардад, илова бар ин ба саломатӣ ҳам зарар дорад. Бояд маҳсулоти ватанӣ ҷои онҳоро танг кунад."
Корхонаи «Қолинҳои Қайроққум», ки дар гузашта аз муҳимтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, тавоноии тавлиди солона то 10 миллион метри мураббаъ маҳсулоти қолинро доштааст. Аммо имрўз бо иқтидори тамом фаъолият намекунад. Масъулони "Қолинҳои Қайроққум" мегӯянд, корхонаи мазкур дар ҳоли ҳозир имкони тавлиди солона танҳо 1 миллион метри квадратӣ қолинро дорад. Ба андешаи ин масъулон тавлидоти ин корхона вобаста ба коҳиш ёфтани талабот чанд дафъа поин рафтааст. Як бахши истеҳсолии корхонаи «Қолинҳои Қайроққум», ки ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ шуд, имрўз аз кор боз мондааст.
Ба гуфтаи роҳбарияти корхона, бо назардошти ин иллат онҳо мехоҳанд, бо баргузории ин қабил намоишгоҳҳо таваҷҷўҳи харидоронро ба маҳсулоти худ афзоиш дода, фурўши қолинҳо дар ҳама манотиқи кишварро ба роҳ монанд.
Барот Эрматов, омири маркетинг ва тиҷорати корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» умед дорад, ки маҳсулоти корхона харидори аздастдодаи худро аз нав пайдо мекунад: "Дар Душанбе якчанд мағозаи корхонаро таъсис доданӣ ҳастем, то барои мардум дастрас бошад. Мо ҳамчунин ният дорем, ки дар байни як моҳ дар ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳони собиқ), дар Кӯлобу Данғара, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода мағозаҳои худро кушоем."
Оқои Эрматов ба ин назар аст, ки иллати аслии коҳиш ёфтани имкони тавлидотии корхона ва камтар содир шудани фаровардаҳои корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» ба хориҷи кишвар мизони болои молиёт ё андозҳои аксизӣ дар кишварҳои харидори маҳсулоти қолинӣ мебошад. Ба гуфтаи ў, аз натиҷаи як назархоҳие, ки ҳамзамон бо ин намоишгоҳ доир намудаанд, маълум шудааст, сифат ва арзиши маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» ба талаботи харидорони ватанӣ ҷавобгў мебошад.
Аммо ба назар мерасид, бештарин маҳсулоти ин намоишгоҳ, ки харидор дошт, пойпўши хонагӣ аз қолини Қайроққум буд ва арзиши хеле муносиб ҳам дошт - се сомонӣ.
XS
SM
MD
LG