Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ҳалли мушкили оби Душанбе дар куҷост?


Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе

Петра Зайнер - раҳбари намояндагии ширкати олмонии "Энержӣ Ҳидроплейн" ки бозсозии шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанберо ба ӯҳда гирифтааст, 21 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои анҷоми тармими пурраи системаи шабакаҳои обрасонии пойтахти Тоҷикистон дар қадами аввал бояд мушкилоти мавҷудаи техникӣ роҳи ҳал пайдо намоянд. Ба назари хонум Петра Зайнер, ҳукумати ин кишвар бояд дар навбати аввал бояд сохтори тавлиду интиқоли оби ошомиданӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти ниҳодҳои масъули рушди системаи обрасониро таҷдиди назар кунад.
Хонум Зайнер мегӯяд: "Мушкили аслӣ дар он аст, ки тайи солҳои гузашта, аниқтараш дар 10-15 соли охир ҳеҷ гуна сармоягузории қобили мулоҳиза ҷиҳати азнавсозиву тармими системаи шабакаи обрасонии Душанбе сурат нагирифтааст. Дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ин далел ва зиёнҳои ворида вазъи умумии системаи мазкур боз ҳам бадтар гардид ва дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳисоби коршиносони мо фарсудагии таҷҳизоту васоили техникии системаи шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе 80 дар садро ташкил медиҳад. Аз сӯи дигар фикр мекунам, ниҳодҳои марбутаи ҳукумати Тоҷикистон бояд барнома ва консепсияи ҷадидеро дар самти рушди системаи обрасонӣ ва таъмини мардум бо оби поки ошомиданӣ рӯи даст бигиранд. Бар асоси ин барнома, бояд яке аз самтҳои авлавиятноки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ иборат аз он бошад, ки оби ошомиданӣ барои мардум асосан аз чоҳҳои артезианӣ, ё худ зеризаминӣ гирифта шавад."
Гуфта мешавад, ҳамакнун беш аз 60 дарсади сокинони пойтахт имкон надоранд, оби поки ошомиданӣ масраф намоянд. Феълан интиқоли оби ошомиданӣ ба манозили сокинони қисматҳои шимолу марказ ва як қисми ҷануби шаҳри Душанбе бидуни полоиш, ба таври худҷорӣ аз рӯдхонаи Варзоб сурат мегирад, ки новобаста ба мавсими сол аксари вақт ғайри қобили истифода аст.
Валерий Андреев - як нафар собиқ корманди Идораи обу корезии Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон ташаббусҳои зиёде дар мавриди ҳифзу истифодаи об дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ кардааст, аммо дар амри пиёдасозии ин ибтикорот ҳанӯз дар дохили Тоҷикистон иқдоми ҷиддие анҷом нашудааст: "Боиси тааҷҷуб аст, ки бо гузашти муддати зиёд аз марҳалаи бӯҳронии тараққиёти Тоҷикистон мо ҳанӯз натавонистаем, як масъалаи содда, ин ҳам бошад, таъмини мардум бо оби тозаро ҳал намоем. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар наздикии минтақаи Сиёмаи ноҳияи Варзоб бунёди обанбори пӯшида дар назар гирифта шуда буд. Сохтмони ин обанбор имкон медод, ки сокинони Душанбешаҳр ҳамасола бо оби софи ошомиданӣ таъмин гарданд. Вале мутаассифона ин тарҳ бино ба сабабҳои номаълум амалӣ нашуд."
Аммо Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал- Демократии Тоҷикистон бо таъкид ба адами масъулиятшиносии мансабдорони пойтахт дар таъмини мардум бо оби ошомиданӣ мегӯяд, бояд мақомоти додситонии пойтахту кишвар дар ин замина парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд: "Мардум оберо менӯшанд, ки аз назари тиббӣ истифодаи он қатъиян мумкин нест. Лекин то имрӯз ягон масъули давлат ба истеъфо нарафтааст, яъне ин як беэътиноӣ нисбати сарнавишти имрӯзу фардои ин миллат аст. Додситонии кулл ва шаҳру ноҳиявӣ ҳақ доранд, ин гуна масъулонро ба ҷавогарии ҷиноӣ ва ё маъмурӣ кашанд."
Муҳиддин Кабирӣ муовини раиси Ҳизби Наҳзат мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бештар саргарми масоили сиёсианд, на ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи мардум: "Мақомоти иҷроияи давлатӣ фаромӯш кардаанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо таъмини шаҳрвандон бо оддитарин имкониятҳои зист аст. Мутаасифона аксарияти кӯшишҳои онҳо равона мешавад, барои масъалаҳои сиёсӣ, масоили дигар ва дар канор мемонанд, он масъалаҳои аввалиндараҷае, ки онҳо бояд ҳал кунанд."
Дар ҳамин ҳол Шавкат Саидов - сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, мавзӯъи дарёфти маблағ барои бозсозии куллии системаи шабакаҳои обрасонии пойтахт рӯзи сешанбе дар мулоқоти вижаи Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндагони созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG