Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикгаз"-и фарсударо нав мекунанд


Вазири энержии Тоҷикистон ба маъмурияти ширкати "Тоҷикгаз" ду моҳ фурсат додааст, ки ҷиҳати таҷдиди сохтор ва шакли идораи ширкати мазкур ба ҳукумати кишвар пешниҳод ироа намояд. Ин матлаб дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи ҳайъати мушовараи вазорати энергетика изҳор шудааст.
Абдулло Ёров - муовини аввали вазири энергетикаи Тоҷикистон дар мавриди зарурати ин иқдом мегӯяд: "Ин зарурати замон, талаботи иқтисоди бозаргонӣ аст. Дар ҳар соҳа як монополист набошад, як ҳукмгузор. Бояд, ки ин ба сохторҳои мустақил тақсим шавад. Дар ин ҳол ҷамъоварии маблағ хуб мешавад, хизматрасонӣ хуб мешавад."
Ба гуфтаи оқои Ёров, як сабаби дигари рӯ овардан ба таҷдиди сохтории корхонаҳои энержӣ, аз қабили «Тоҷикгаз» ва «Барқи Тоҷик» мутобиқсозии шакли идораи ин ниҳодҳо ба шароити созмонҳои молӣ ва сармоягузор аз қабили Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул мебошад.
Аммо мегӯяд Абдулло Ёров, маълум нест, ки шакли идораи аз ҷумла «Тоҷикгаз» ба чӣ гунае таҷдид хоҳад шуд. Ин маъсала ба гуфтаи ӯ, бар асари омӯзиш ва хулосабарорӣ бояд дақиқ шавад. Вале дақиқан, мегӯяд оқои Ёров, дар марҳилаи аввал хусусигардонии ин корхонаҳои муҳим шояд мутобиқи мақсад набошад: "Давра ба давра, аввал ба қисмҳо тақсим шуда, баъд шояд шахсӣ карда шаванд, лекин якбор инҳоро шахсӣ кардан бисёр мушкил аст, барои ҳамин бояд эҳтиёткорона қадам гузошт."
Ширкати «Тоҷикгаз» як ширкати давлатии ворид ва тавзеъкунандаи гази табиӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ахиран ба сохтори вазорати энергетика идғом шуд. Гази табиӣ ба Тоҷикистон хусусан ба манотиқи марказӣ ва Душанбе - пойтахт аслан аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбакистон ворид мешавад. Ва гуфта мешавад, ширкати газ дар ҷамъоварии пардохтҳои гази табиӣ аз аҳолӣ ва корхонаҷот бо мушкил мувоҷеҳ мебошад, ки иллати таҷдиди назар дар сохтори корхонаи "Тоҷикгаз" низ номуваффақии он дар муомилот бо масрафкунандагони газ, ҷамъоварии пардохтҳо мебошад. Ба навиштаи манбаъҳои мухталиф, зарфи шаш моҳи соли равон танҳо 75 дарсади ҳаққи истифодаи гази табиӣ пардохта шудааст. Дар ҳоле, ки қиммати истифодаи газ дар ин муддат коҳиш ёфта ва гази табиӣ аз Узбакистон умдатан бо пули нақд харидорӣ мешавад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG