Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб будам оби ширин "мехӯрдам"


Сайёфи Мизроб аз шаҳри Санкт-Петербург

Рузи душанбеи 19 июл бар асари садама дар хатти обгир интиқоли оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳри Кӯлоб қатъ гардид. Гуфта мешавад, ҳудудан 80000 нафар сокини шаҳр рӯзи дуввум аст, ки бе оби ошомиданӣ мондаанд.
Дар бастагӣ ба вазъ Умаршоҳ Шоҳимардов - сармуҳандиси корхонаи обу корезии Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маркази шаҳр хатти оби партоб сӯрох шуда, бо лӯлаи оби ошомиданӣ омехтааст. Аз ин рӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз эпидемияи амрози сироятӣ интиқоли оби ошмиданӣ ба шаҳр қатъ гардид.
Як кӯдак, ки бо чалак об мекашид, гуфт, дар Душанбе мошинҳо ба мардум об меоранд, аммо дар Кӯлоб ҳатто мошинҳои обкаш ба чашм намехӯранд: «Дар Душанбе мебинем, ки об нест, аммо бо мошин об меоранду ба мардум медиҳанд. Вале ман дар Кулоб як умр об мекашам. Саҳар, ки шуд, отам мегӯяд, хез харро савор шав барои об, ба пеш!»
Беобӣ - мушкили аввалиндараҷаи мардуми Кӯлоб буду ҳаст. Сокинони бархе аз кӯчаҳои шаҳр мегӯянд, пас аз истиқлолият, яъне аз соли 1992 то инҷониб дигар оби ошомиданӣ аз лӯлаҳои обгир намешорад. Як зани солхӯрда, сокини кучаи «Хатти роҳ» мегӯяд, ки «Мо, савганд ба Худо, ки даҳ сол шуд, мурдаҳомонро бо оби борону барф мешӯем. Очаи Пирназар мурд, об талбидем, хона ба хона гаштем, чанд сатил овардем, майитро шустем. Очаи Афғон ҳам мурд, об талбидем, оварда мурдаро шустем. Сад шукр, ки мардаки ман мурду дар берун барф меборид. Ду дег барфро об карда, ҳурмати худо, ки рост мегӯям, мурдаро шустем. Мо як рӯзи маҳшарро аз сар мегузаронему ягон масъули шаҳр парвои моро надорад.»
Кӯдаки дигар мегӯяд,«Об умуман дар Кӯлоб нест. Мо меравем, аз 7-8 километр дур об меорем, бо хар, бо мошин, бо ароба, пиёдаву савора. Чӣ кор кунем? Об дар ягон ҷо нест.»
Эмомалӣ Бобохонов - сардухтури бемористони амрози сироятӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 1996 бар асари ҳамингуна садама, беш аз 100 тан гирифтори бемории домана шуда, фавтида будаанд.
Сайёфи Мизроб аз шаҳри Кӯлоб
XS
SM
MD
LG