Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музди кори мардум дар Тоҷикистон зиёд шудааст


Нашрияи "Таджикистан - Экономический Ракурс" навишт, ки тайи нимсолаи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад афзуда, ба 2 миллиарду 354 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки муодил бо тақрибан 785 миллион доллари амрикоист. Маоши миёнаи мардум дар Тоҷикистон дар моҳи май 55 сомониро ташкил додааст. Дар муқоиса бо моҳи майи соли 2003 маоши миёна дар Тоҷикистон 37 дарсад афзудааст.
Ин нашрияи мутаалиқи хабаргузории "Азия Плюс" бар пояи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, ҷамъи маблағҳои бидеҳӣ дар бонкҳои ин кишварро дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 1 миллиард сомонӣ, муодили 335 милён доллар ҳисоб кардааст.
"Таджикистан - Экономический Ракурс" меафзояд, тайи нимсолаи аввал Тоҷикистон ба миқдори беш аз 1 миллиард доллар бо кишварҳои хориҷӣ табдили молу коло кардааст, ки низ дар муқоиса бо як соли пеш 45 фоиз бештар аст.
Содироти кишвар дар ин муддат 456 милён доллар ва воридоташ 626 миллион долларро ташкил дода, ба ин тартиб фарқи манфии байни содироту воридоти Тоҷикистон дар нимаи аввали сол ба 170 миллион доллар баробар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи ним соли гузашта тавассути ниҳодҳои ин вазорат ба буҷаи давлат 413 миллион сомонӣ, муодили 135 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки назар ба нақша 51 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 100 милён сомонӣ бештар аст. Вазири даромад ва пардохтҳои ҳукумати Тоҷикистон Ғулом Бобоев гуфтааст, ки 221 миллион сомонӣ аз ҷамъи маблағи ворида ба буҷаи кишвар тавассути ниҳодҳои молиётӣ ва 192 миллиони дигари он аз ҳисоби боҷу хироҷи гумрукӣ ба даст омадааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG