Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Сотсиалист: "Ҳукумат ба корҳои мо дахолат мекунад."


Мирҳусейн Назриев - раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо пахши як баёния ҳукумати Тоҷикистонро ба дахолат дар корҳои дохилии ин ҳизб муттаҳам намуд. Вай гуфт, ахиран таҳти раҳбарии мушовири калони раиси ҷумҳур Қурбон Восиев ва корманди вазорати маориф Абдуҳалим Ғаффоров дар роҳи баргузории анҷумани ҳизб ду маротиба монеаи маснӯӣ эҷод шуда, илова ба ин онҳо моҳи гузашта худсарона анҷумани ҳамин ҳизбро сурат дода, кӯшиши барканории раиси қонунии ҳизбро кардаанд.
Оқои Назриев дар баёнияааш мегӯяд, ин амал ғайриқонунӣ аст ва он ду нафар мехоҳанд, дар остонаи интихоботи парлумонӣ, ки соли оянда баргузор мегардад, ҳизбро пароканда кунанд.
Мирҳусейн Назриев: "Мо ба раиси ҷумҳур, ҳамчун муҳофизи ҳуқуқи тамоми шаҳрвандон муроҷиат карда, мегӯем, ки нисбат ба онҳое, ки ба корҳои ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз дастгоҳи раиси ҷумҳур дахолати ғайриқонунӣ кардаанд, чораҳои мушаххас биандешанд."
Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, Қурбон Восиев ва Абдуҳалим Ғаффоров дар соли 2000-ум бо хоҳиши худ аз сафи ин ҳизб хориҷ шуданд. Ва кӯшиши онҳо танҳо ба хотири ин аст, ки аз ҳизби мазкур як ҳизби ҳукуматӣ бисозанд.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров чунин иддаои раиси ҳизбро рад намуда, гуфт, азбаски оқои Назриев ҳамчун раҳбар дар пешбурди ҳизб наметавонад кореро ба сомон расонад, мо маҷбур шудем, бо баргузории як анҷуман онро барканор кунем.
Вай афзуд: "Мо ба тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ҳамаи мактубҳоро ирсол намуда, баробари он гуфтем, ки имрӯз раиси комитети иҷроияи ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шахси тамоман дигар аст. Ва ӯ аз ҳама ин чизҳо маҳрум шуд."
Коршиносон ба ин назаранд, ки дар остонаи маъракаҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла интихоботи парлумон ҳизби ҳомии Раҳмонов мехоҳад, аҳзоби дигарро ба канори худ оварда, аз нерӯи онҳо истифода кунад.
Шокирҷон Ҳакимов - коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон: "Дастандаркорони ин амал мехоҳанд, ҳам дар ҳайъати эътилофи миёни аҳзоб халал ворид кунанд ва ҳамчунин намояндаи худро ба раҳбарияти ин ҳизб оварда, заминаи иҷтимоии ҳизби халқӣ-демократӣ, яъне ҳизби ҳукуматиро қавитар гардонанд."
Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Мирҳусайн Назриев мегӯяд, агар ҷониби ҳукумат аз чунин амалҳои худ даст набардорад, ҳизби онҳо нисбат ба аҳдномаи шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ, ки раиси он президент Раҳмонов мебошад, изҳори нобоварӣ, намуда аз сафи он хориҷ мешавад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG