Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Душанбе об омад


Якшанбеи 18-июл ба 60 дар сад аҳолии пойтахти Тоҷикистон, ки беш аз як ҳафта аз об маҳрум буданд, оби ошомиданӣ дода шуд, аммо ин об ҳанӯз олуда буда, қобили истеъмол нест. Намояндаи маркази беҳдории шаҳри Душанбе Саида Назарова дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Боз ду рӯзи дигар бояд мардум сабр кунанд ва ин обро ҷӯшонида танҳо барои шустани косаю табақ истифода кунад."
Тибқи иттиллоъи маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе, ба зудӣ оби ошомиданӣ пок гашта, қобили истеъмол мешавад. Шавкат Саидов - сухангӯи маркази матбуоти ҳукумати пойтахт дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамин шаб аз соати 12 об соф мешавад, аммо баъди ҷӯшонидан онро мумкин аст истеъмол кард."
Мутобиқи қарори шаҳрдорӣ барои сокинони пойтахт бояд 50 адад мошин ҳар рӯз се навбат оби соф оварда тақсим кунад, аммо ба гуфтаи сокинони пойтахт рӯзе фақат як бор ин мошинҳо ба маҳаллоти пойтахт оби ошомиданӣ меоранд, ки он на ба ҳама мерасад.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG