Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Наҳзат қонуни интихоботро ғайридемократӣ номид


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як баёния рӯзи душанбе аз раванди таҳаввулоти сиёсӣ ва сарфи назар шудани усулҳои умумии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ин кишвар изҳори таассуф кардааст.
Дар баёнияи ҲНИТ, ки бо имзои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси ин ҳизб мунташир шудааст, бо ишора ба тасвиби қонуни ҷадиди интихоботи порлумон таъкид шудааст, ки таъйиди ин қонун аз суйи раиси ҷумҳур ба маънои салб шудани ҳуқуқи интихоботии ба эътиқоди ҲНИТ, аксари кулли интихобкунандагон ва зери по гузоштани меъёрҳои пазируфташудаи демукросӣ мебошад. Ҳикматулло Сайфуллозода - сухангӯи ҲНИТ дар шарҳи ин баёния мегӯяд: "Тағйироту иловаҳое, ки ахиран ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон ворид карда шуд ва он аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо гашт, на танҳо шароити баробарро ба ҳама шаҳрвандон намедиҳад, балки монеҳои иловагиеро дар ин роҳ эҷод менамояд. Агар пардохти гарави интихоботӣ дар ҳаҷми 200 маоши ҳадди аққал зиёда аз 80 фисади аҳолиро аз ҳаққи интихоб шудан маҳрум созад, ширкат надоштани намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботӣ шаффофияти ин чорабинии муҳимро комилан аз байн мебарад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз қабули чунин қонуни ғайридемократӣ изҳори таассуф намуда, инро ҳамчун тасмимоти носолим дар роҳи ваҳдати миллӣ ва демократикунонии ҷомеа меноманд."
Дар ин баёния ҳамчунин ба масъалаи парвандаи сарбозони пешини мухолифин, ки бо вуҷуди татбиқи қонуни афв таъқиб ва боздошт шудаанд низ, таъкид шудааст. Боздошт ва таъқиби ҷонибдорони мухолифини пешин, омадааст дар баёнияи ҲНИТ, хилофи усулии умумии созишномаи сулҳ ва қавонини Тоҷикистон мебошад.
Дар баёнияи мазкур таъкид шудааст, бо ҳарчӣ дур шудан аз санаи имзои созишномаи сулҳ моҳият ва аҳдофи ин санад фаромӯш мешавад ва ё ин санаро бархе гурӯҳҳо ба сурати якҷониба баҳо дода ва танҳо ба манзури ҳосил кардани хостаҳои сиёсӣ ва манофеъи худ истифода мекунанд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG