Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави Бритониё барои Тоҷикистон


Грэм Лотэн - cафири ҷадиди Бритониё баъди супурдани эътиборнома ва мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки кишвар як барномаи чаҳорсолаи рушди кишварҳои минтақаро дар даст дорад, ки шомили тарҳҳои кӯчаку бузург, кӯмак ба системаи қарзӣ ва ташкилу таҳкими низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон низ мебошад.
Оқои Грэм гуфт: "Тибқи ин барномаи чаҳорсола, ки тавассути вазорати рушди байналмилалии Бритониё қарор аст, амалӣ шавад, солона 3 миллион фунти инглисӣ барои Тоҷикистон ихтисос хоҳад ёфт."
Дар ин дидор ҳамчунин муҳимтарин масоили муносиботи миёни Бритониё ва Тоҷикистон, бахусус, тарҳҳои иқтисодие, ки давлати инглис қасд дорад, ба ҳадафи рушди иқтисод ва таҳкими умури идорӣ дар Тоҷикистон ба иҷро дарорад, баррасӣ шуданд.
Сафири ҷадиди Бритониё ҳамчунин афзуд, ки зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мушкилоти феълии Афғонистон ва кӯмак ба барномаи омӯзиши забони инглисӣ дар Тоҷикистон низ баҳс ва табодули назар кардаанд.
Гуфтанист, бино ба иттиллоъи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон Бритониё аз муҳимтарин кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон буда, ҳафт корхонаи муштараки миёни ду кишвар то кунун, фаъолият доранд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, Бритониё то кунун муодили 190 миллион доллар дар иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кардааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бритониё умдатан дар заминаи истихроҷ ва коркарди манобеъи табиӣ бахусус тилло аст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG