Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими заъифи ҳукумат, корхонаҳои саноатӣ беҳтар аз Қасри Миллат


Тими кунунии ҳукумат барои Тоҷикистонро аз вартаи қашшоқӣ, бекорӣ ва қарзи хориҷӣ баровардан қодир нест. Ин тим бояд дигар карда шавад, изҳор доштааст Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисодшиноси тоҷик дар мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи «Наҷот». Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон бояд дигар карда шавад. Ва аммо сабаби аслии ба кишвар ворид нашудани сармояро ҷаноби Умаров дар сатҳи баланди ришвахорӣ донистааст. Ришвахорӣ тамоми ниҳодҳои давлатиро ҳам аз қаър ва ҳам аз бар фаро гирифтааст. Ба андешаи ҷаноби Умаров, бо он музде, ки пизишкон, муаллимон, кормандони сохторҳои давлатӣ мегиранд, зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Ва ҳамин сатҳи пасти музди кор ва даромад дар Тоҷикистон вазъи умумии ҷиноиро ба вуҷуд овардааст.
Султон Қувват - раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тараққиёт» дар сӯҳбат бо «Рӯзи Нав» гуфтааст, аз бунёди Қасри Миллат беҳтар аст, ки ду-се корхонаи саноатӣ сохта шаваду барои мисол меваҷоти Тоҷикистонро коркард намуда, ба Русия содир кунанд. Султон Қувват ҳайрон шудааст, ки аз супермаркетҳои гароннарх кӣ харид мекарда бошад? Дар сурате, ки дар шаҳри Кӯлоб корхонаҳои мавҷуда аз фаъолият бозмондааст, оё барои бунёди чойхона чӣ ҳоҷат аст, ибрози таҳайюр намудааст Султон Қувват.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин казинову қиморхонаҳову лотоҳо вуҷуд дорад, аммо ломбард барин муассисаи барои мардум ниҳоят зарур мавҷуд нест, навиштааст «Рӯзи Нав». Ломбард - муассисаи тиҷоратиест, ки барои қарздиҳӣ дар асоси гаравмонӣ фаъолият мекунад. Дар шароити ҳозираи Тоҷикистон, ки мардум ба пул ниёз дорад, вале аз бонк қарз гирифтан даводаву вақту ҳуҷҷатбозии зиёдеро талаб мекунад, ломбард хеле ҳам зарур аст. Аммо сабаби аслии дар Тоҷикистон набудани ломбард, қонунгузории Тоҷикистон дониста шудааст. Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, вақте фасли «тартиби ташкил ва муҷаввиз додан ба ломбард»-и низомнома оид ба ломбардҳои бонки миллиро мехонед, ба хулосае меоед, ки бо ин шартҳо ягон сад соли дигар ҳам дар Тоҷикистон ломбард пайдо нахоҳад шуд. Аз 34 банди низомнома оид ба ломбардҳо беш аз понздаҳ бандаш, ки боз ҳар яки онҳо аз чандин зерқисмҳо иборатанд, шартҳои таъсису ташкили ломбардро фаро гирифтааст. Танҳо ҳамин гувоҳи он будааст, ки барои кушодани ломбард муассис чӣ қадар бояд ранҷ барад ва аз ин рӯ бо шиносоӣ бо ин низомнома касе фикру хаёли таъсиси ломбардро дигарбора ба сар намеорад.
Дар ҳоле, ки мардум мувоҷеҳи вазъи сангини молисту барои мадад ба онҳо мақоме талоше надоштааст, қиммати гази табиӣ дар Тоҷикистон боз афзоиш ёфтааст. Ношири ин хабар, «Бизнес и Политика» навиштааст, шурӯъ аз моҳи июл хонаҳои ҳисобкунакҳои газӣ дошта барои як ҳазор кубометри газ яксаду навад сомониву шаш дирам мепардозанд. Хонаҳои ҳисобкунак надошта ҳар моҳ 3 сомониву 80 дирам сари ҳар фарди оила месупоранд. Тибқи нархномаи нав ба ягон қишри ҷомеа имтиёз дода нашудааст.
Ҳафтаномаи «Азия - Плюс» хабар додаст, ҳукумати Швейтсария ба Тоҷикистон 3 миллион доллар барои пиёда намудани тарҳи тозаи таъмини вилояти Суғд бо оби нӯшокӣ тахсис додааст.
Ва аммо ширкати миллии энергетики Фаронса дар тендери таҷдиду таъмири нерӯгоҳи барқӣ - обии Бойғозӣ ғолиб омадааст, хабар додааст «Бизнес и Политика». Ҳамакнун як ширкати дигари энергетики Фаронса тасмим гирифтааст, дар наздиктарин фурсат дар Тоҷикистон дафтари худро боз кунад.
XS
SM
MD
LG