Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Ричард Армитеҷ бо президент Раҳмонов


Ричард Армитеҷ - муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов роҷеъ ба пазируфта шудани Қонуни интихобот ба хабарнигорон гуфт, муттаасифона вақти онро надоштам, ки пурра бо мӯҳтавои Қонуни интихоботи Тоҷикистон ошно шавам, вале ба назари ман метавон ба тасвиб расидани ин қонунро як навъ интихоби дуруст талаққӣ намуд.
Вай афзуд: "Фикр мекунам, аз ин ба баъд мо бояд тавваҷӯҳи худро ба он равона созем, ки интихоботи дар пеш истодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон шаффофу одилона баргузор гардад."
Ричард Армитеҷ дар раъси як ҳайъат субҳи шанбе вориди Тоҷикистон шуд. Вай дар робита ба тавофуқи ахири Русияву Тоҷикистон дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гуфт, ӯ ин созишро дар равобити тарафайн миёни ду кишвар як дастоварди муҳим ва назаррас арзёбӣ мекунад.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG