Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафъи харобиҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Асадулло Ғуломов - муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи ҷумьа дар минтақаи селзадаи Ҳушёрӣ - 40 километрии пойтахти кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаҷми зарари ворида бар асари боришот ва селхезӣ аз ду миллион доллар бештар аст. Ӯ афзуд, дар ҳамин рӯз як комиссияи давлатӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи мавҷуд ба кор шурӯъ кард.
Аммо дар хусуси талафоти ҷонӣ оқои Асадуллоев чизе нагуфт, вале сокинони Ҳушёрӣ гуфтанд, ду духтаре, ки барои ҷорӯб ба бағали кӯҳ рафта буданд ба дарё ғарқ шуданд. Замоне, ки мо ба ҷои ҳодиса омадем, тақрибан пули Ҳушёрӣ, ки роҳи Душанбе бо Хуҷандро мепайвандад, таъмир шуда ва дуввумбора мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар ҳамин ҳол вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев гуфт, дар ҳоли ҳозир тамоми имконот барои таъмири қитъаи 41-километраи бар асари боришот харобгашта, сафарбар шудаааст.
Аммо коргарони муасиссаҳои роҳсозие, ки машғули кор буданд, мегуфтанд, ки ҳаво ҳамчунон тира ва шамол тунд мевазад ва агар худо нахоста, боз обхезӣ шавад, дар ин навбат ҳамаи кӯшишҳои ба харҷдодаи роҳсозон барбод меравад. Онҳо мегуфтанд, ки теъдоди васоили техникӣ ва мошинолоте, ки барои таъмири роҳҳо ба истифода дода шудааст, кам буда гумон аст, дар як-ду рӯзи дигар иртибот аз минтақаи Ҳушёрӣ то Зиддӣ, яъне то гарданаи Анзоб барқарор карда шавад. Агар ин қитъаи роҳ барқарор карда шавад, танҳо дар он замон ҳаракати нақлиёт дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд шурӯъ мегардад. Дар ҳоли ҳозир дар он сӯи гардана дар минтақаи Анзоб садҳо мошини пурбор интизори убури ағба мебошанд.
Дар ҳамин рӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз минтақаи ҳушёрӣ дидан намуд ва идораҳои масъулро муваззаф намуд, ки барои ҳар чӣ зудтар боз намудани роҳ талош кунанд. Ҳамчунин президент Раҳмонов дастур додааст, ки хонаводаҳое, ки дар каронаи дарё дар мавзеъи Ҳушёрӣ ба сар мебаранд, ба ҷои
амнтар кӯч дода шаванд.
Мирзонабии Холиқзод аз ноҳияи Варзоб
XS
SM
MD
LG