Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар миёни Ҳондурас ва Муғулистон


Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар пайи таҳқиқу таҳлил ва муқоиса сатҳу сифати зиндагӣ дар 177 кишвари ҷаҳон феҳрасти кишварҳои барои зиндагӣ шоиста ва ношоистаро таҳия кардааст. Созмони Милал шохиси сифати зиндагиро дар кишварҳои ҷаҳон бар асоси дарозии умр, мизони маорифу савод, вазъи ҳифзи сиҳҳат ва даромади миллии кишвар ба ҳар сари аҳолӣ муайян мекунад. Тибқи охирин ҳисобҳо, Норвегия шоистатарин кишвари ҷаҳон барои зиндагӣ интихоб шудааст. Шветсия ва Австралия ва Канадаву Ҳолланд низ дар раъси ин феҳрасти тартибдодаи Милали Муттаҳид қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон, бино бар муҳосибаи СМ, аз лиҳози сифату сатҳи зиндагӣ дар байни 177 кишвар дар мақоми 116 қарор дорад. Баъди Ҳондурас, вале пеш аз Муғулистон. Ин ҳам гуфтанист, ки сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо куллия кишварҳои шуравии собиқ пасттар будааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG