Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ тасвиб шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи панҷшанбе ба қонуни нави интихоботи ин кишвар имзо гузошт.
Ба ин тартиб, қонуни ҷадиди интихобот дар маърази иҷро қарор мегирад. Ин дар ҳолест, ки 4 ташаккули умдаи мухолифини тоҷик - Ҳизби Наҳзати Ислом, Ҳизби Сотсиал-Демократ, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиалист дар моҳи гузашта бознигарии чанде аз муқаррароти умдаи қонуни мазкурро аз раисиҷумҳур тақозо карда буданд.
Сафорати Амрико дар Душанбе низ ду рӯз пеш бо нашри як баёния изҳор кард, ки қонуни ҷадид мустақилияти комиссияҳои интихоботиро дар роҳи баргузории интихоботҳо ва шумориши оро таъмин карда наметавонад.
Тибқи қонуни ҷадид, ҳар довталаб мукаллаф мешавад, барои ширкат дар интихобот ба миқдори муодили 450 доллар гаравпулӣ пардозад. Ва ин дар як кишваре, ки маоши миёнаи мардумаш тақрибан ба 10 доллар баробар аст.
Муовини раиси Ҳизби Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ба маърази иҷро гузошта шудани қонуни ҷадиди интихобот барои ҷараёни демократия дар ин кишвар асароти манфӣ хоҳад дошт. Интихоботи ояндаи парлумони Тоҷикистон ба моҳи феврали соли оянда муқаррар шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG