Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бедодии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Бино ба иттиллоъи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар натиҷаи обхезии шаби 14 июл дар минтақаи Варзоб 45-километри қитъаи роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд комилан тахриб шуда ва ҳаракати нақлиётро дар ин ҷода масдуд сохтааст. Маҳмадулоҳ Ҳалимов - муовини вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, обхезии ду рӯзи ахир дар манотиқи наздик ба осоишгоҳи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб 45-километрии шимоли шарқи пойтахти Тоҷикистон хисороти сангини иқтисодиро ба ҷой гузошта, боиси эълом гардидани ҳолати изтирорӣ гардидааст.
Муовини вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар манотиқи истироҳатии шаҳраки Тагоб тамоми пулҳои мошингарду одамгузар бар асари баланд гардидани сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб ва ҷорӣ шудани селоба аз байн рафтааанд.
Дар ҳамин ҳол ба далели ҷорӣ шудани селоб ва ҳамроҳ шудани он ба рӯдхонаи Варзоб рӯзи сеюм аст, ки интиқоли оби ошомиданӣ ба қисматҳои марказии шаҳри Душанбе қатъ гардидааст. Ва 60 дарсади сокинони пойтахт феълан аз ноилоҷӣ аз оби наҳру ҷӯй, ки ғайри қобили истеъмол аст, масраф менамоянд.
Ва аммо дар ҳамин ҳол шаҳрдории Душанбе бо таъсиси як ситод ҳукуматҳои навоҳии пойтахтро муваззаф сохтааст, ки интиқоли об ба сокинон ва ҳамчунин бемористону кӯдакистонҳои пойтахтро тавассути мошинҳои обкаш таъмин намояд.
Рамазон Сулаймонов, як нафар масъули таъминоти оби ноҳияи Сомонии пойтахт гуфт, ҳукумати ин ноҳия барои таъмини мардум бо об 13 адад мошинаи обкашонро сафарбар кардааст. Ва аммо бархе аз сокинони ин ноҳия мегӯянд, то ҳанӯз мошинҳои обкашро дар маҳалли худ надидаанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини маркази назорати беҳдоштии пойтахт мегӯянд, интиқоли об аз тариқи шабакаи воҳиди обрасонии шаҳр то чанд рӯзи дигар ба таъвиқ меафтад. Мақомоти беҳдоштии Душанбе мегӯянд, то замоне, ки боришҳо идома доранд, ин ниҳод интиқоли об ба маҳаллаҳои шаҳрро ғайримумкин мешуморад.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG