Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созиши Ҳизби Сотсиал-Демократ бо Ҳизби Тараққиёт


Масъулини ҳизби сабти номнашудаи Тараққиёт мегӯянд, бо Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар мавриди ироаи як феҳрасти муштараки номзадҳо барои интихоботи парлумонӣ ба тавофуқ расидаанд. Рустам Файзиев - муовини раиси ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси тавофуқи ҳосилшуда Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон имкон пайдо кардааст, ҳашт нафар номзади худро вориди руйхати номзадҳои ҲСДТ кунад, ки тавассути ҳавзаи саросарии ҳизби муаррифӣ мешаванд.
Оқои Файзиев мегӯяд: "Мо дар интихобот ҳамчун намояндаи Ҳизби Тараққиёт иштирок намекунем, Ҳизби Сотсиал-Демократӣ моро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон пешбарӣ мекунад. Мувофиқи шартнома 8 нафар аз 22 кас."
Ба гуфтаи оқои Файзиев, ду ҳизби тараққиёт ва Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҳамакнун саргарми таҳияи аснод ба ин манзур мебошанд ва қасд дорад, барои баргузории интихобот ва кор гирифтан аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуд як ситоди муштараки марказии интихоботӣ таъсис кунанд.
Ба гуфтаи масъулини ду ҳизби сиёсӣ, муаррифии номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ низ бо пешниҳоди созмонҳои аваллияи ҲСДТ ва бо мувофиқаи ситоди муштараки интихоботӣ сурат мегирад.
Муовини раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон мегӯяд, як чунин номаи дигаре бо даъват барои ҳамкорӣ дар остонаи интихобот ба Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) низ пешниҳод шудааст. Агарчанд мақомоти ҲДТ то кунун дар ин бора вокунише аз худ нишон надодаанд, вале имкон дорад, бархе аз номзадҳои дигари Ҳизби Тараққиёт тавассути феҳристи ҲДТ дар интихоботи парлумонӣ ширкат дода шаванд.
Аммо гуфт оқои Файзиев чунин эътилофи Ҳизби Тараққиёт бо се ҳизби дигари сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Ислом, Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Халқӣ-Демократи Тоҷикистон ба далели фарқияти усулии барномаи ҳизбаш аз аҳзоби номбурда ғайримумкин аст.
Вай афзуд: "Барномаи сотсиал-демократҳо ба мо наздиктар, мо бо коммунистҳо як шуда наметавонем, бо ҳизби наҳзат ҳам як шуда наметавонем, мо идеологияи коммунизмро дидем, ҳизби наҳзат перспективааш давлати исломӣ, ин ба ҷамъияти мо дуруст намеояд".
Гуфтанист, ҳизби номнавис нашудаи тараққиёт ва ҳизби расмии сотсиал-демократ дар ду рӯзи пеш ба як санад бо номи созишномаи ҳамкорӣ ва ширкати муштарак дар интихоботи парлумонии соли 2005 имзо гузоштанд. Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, ки Қувват Султонов раиси он мебошад, аз се соли пеш барои сабти ном ариза додааст, вале то кунун иҷозаи фаъолияти расмиро дарёфт накардааст. Коршиносон мегӯянд, бар асоси қавонини Тоҷикистон дар ҳоле, ки як соли дигар то баргузории интихоботи парлумонӣ боқӣ намондааст, дар сурати сабти ном шудани Ҳизби Тараққиёт низ ин ҳизб ҳамчунон ҳаққи муарифии номзадҳо барои интихоботи порлумониро аз даст додааст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG