Пайвандҳои дастрасӣ

Иштибоҳҳои қонуни нави гумрук, маошҳои баланд


Тарҳи тозаи қонуни гумруки Тоҷикистон дар шумораи нави ҳафтаномаи «Азия Плюс» ба қонунҳои дигар, аз ҷумла кодекси шаҳрвандӣ, қонун оид ба муҷаввиздиҳӣ, соҳибкорӣ, молиёти давлатӣ ва ҳатто Сарқонуни Тоҷикистон мухолиф дониста шудааст. Муаллифи матлаб навиштааст, кори гумрукӣ занҷираи чораҳои танзими иқтисоди беруна мебошад ва ҳамоҳангсози аслии ин кор вазорати иқтисод ва савдо таъйин гардидааст. Вале тибқи лоиҳаи нави қонуни гумрук ягон ҳуҷҷате ба мувофиқат ва ҳамоҳангсозии ҳатто вазорати иқтисод ва савдо ниёз надорад. Дар матлаб омадааст, ки ин тарҳ метавонад боиси авҷи ришвахорӣ ва фасод дар ин соҳа гардад. Барои мисол, ба ҳар як корманди гумрук ҳақ дода шудаааст, ки низоми назорати маъмулӣ қабул кунад ва ё соддашударо, кадом санаду маълумотеро хоҳад, талаб кунад. Ин амал пайомади нохуше аз қабили авҷи фасод ва худсарӣ ва помоли ҳама гуна ҳуқуқи соҳибкоронро ба бор меорад, навишта шудааст дар мақола.
Дар тарҳи тозаи қонуни гумрук боз як қатор нофаҳмиҳои дигар низ вуҷуд доштаанд ва сабаби ҳамаи ин иштибоҳот дар он будааст, ки тарроҳони лоиҳа манофеъи ниҳодҳои худро ҳимоя намуда пешниҳодоти ғайрро сарфи назар менамоянд. Пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2003 ҳудуди шаст дар сади ҳама гуна андозҳои воридшуда ба бӯҷаро ташкил додааст.
Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо «Рӯзи Нав» гуфтааст, гумрук на ҳама вақт пардохтҳоро ба бӯҷа интиқол медиҳад. Корхонаҳои зиёде низ андоз намесупоранд. Аз рӯи ҳисоби Ҳоҷимуҳаммад Умаров, тариқи ин фиребҳо ҳар сол бӯҷа тахминан аз 300 миллион доллар маҳрум мешудааст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров тасмим гирифтааст, номзадии худро ба президентӣ бигзорад ва дар сурати раисҷумҳур интихоб шуданаш ваъда медиҳад, ки маоши кормандони давлатиро 8 маротиба баланд хоҳад бардошт ва аммо маоши худи президент 500 доллар хоҳад буд, ки ин баробар ба меъёри пешбурди зиндагии якмоҳа барои як оила будааст, бигзор оилаи президент ҳам бошад.
Вале маоши бинокорони маҷмааҳои ҷашнии Кӯлоб 500 сомонӣ аст, навишта шудааст дар як номаи расмии кумитаи сохтмони Тоҷикистон ба «Азия Плюс». Нашрия аз маоши бинокорони кӯлобӣ мутаассир гашта, хабарнигорашро ба назди сохтмончиён фиристодааст, то онҳоро муборакбод гӯяд.
Аммо хабарнигори «Азия Плюс» ба истилоҳи худаш «бинокорони давлатманд»-ро наёфтааст. Аксари сохтмончиён на бештар аз 350 сомонӣ маош мегирифтаанд, ки ҳамонро ҳам ду се моҳи ахир баъзе гурӯҳҳо нагирифта будаанд.
Ва аммо дар Душанбе маркази савдои ёздаҳқабата бунёд мегардидааст. Ношири ин хабар, «Нерӯи Сухан» навиштааст, ин марказро ширкати туркии «Кайнак» бунёд хоҳад кард. Интизор меравад, маркази савдо пас аз яку ним сол ба фаъолият шурӯъ бикунад.
Дар ҳамин ҳол, нахустин бонки қарздиҳии хурд дар Тоҷикистон аллакай ба фаъолияти худ шурӯъ кард. «Азия Плюс» аз маросими ифтитоҳи ин бонк бо ширкати шоҳзода Оғохони чаҳорум ва Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон хабар дода аз қавли имоми исмоилиёни ҷаҳон навиштааст, бонк барои қишрҳои фақири ҷомеа бо фоизи солонаи 18 дар сад қарз хоҳад дод.
«Бизнес и Политика» хабар додаст, ки бонки мазкур танҳо дар ду рӯзи нахусти фаъолият ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ қарз додааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG