Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боди шадид дар Хоруғ харобӣ овард


Соати сенздаҳ ба вақти маҳаллӣ шамоли тезутунд, ки ба вуқӯъ пайваст, чангу ғуборро дар Хоруғ ба осмон бардошт. Бар пояи иттиллоъи Маркази ҳавошиносии вилоят, суръати вазиши бод дар як сония ба 30-35 метр баробар буда, мутахассисон ин суръатро аз рӯи дараҷабандӣ хатарнок арзёбӣ мекунанд.
Интиқоли нерӯи барқ дар шаҳр дар давоми қариб 1 соат ва алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ҷиҳати беҷо шудани таҷҳизоти мавҷгир, ки дар болои маркази мухобиротии вилоят насб шудааст, як соат зиёдтар қатъ гардид.
Шамол дар баъзе маҳаллаҳо симчӯбҳоро афтонда, хати телефонии байниноҳиявиро куллан хароб кардааст.
Тибқи хабари ситоди ҳолатҳои фавқуллода, суръати тези шамол боиси канда шудани болопӯши якчанд идораву муассиса ва манзилҳои шахсӣ шудааст. Болопӯши хонаи 24 ҳуҷрадоре, ки қаблан аз зилзила зарар дида буду ҳоло низ дар он шаҳрвандон зиндагӣ мекунанд ба замин афтодааст.
Сокини маҳаллаи Моёншо Назаршоеви шаҳр Озодшо Гулмаҳмадов ба телевизиони Бадахшон гуфт, ки дар маҳаллаи онҳо болопӯши ҳунаристони техникӣ ва якчанд манзили шахсӣ зарар дидааст. Ҳамчунин сокини 22-солаи шаҳр Фарид Ҳамидхонов дар натиҷаи ба сараш афтидани шохаи дарахт захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Соли равон барои дуввумин бор аст, ки чунин тундбоди хатарнок дар қаламрави Бадахшон ба вуқӯъ мепайвандад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз Хоруғ
XS
SM
MD
LG