Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 120 кило ҳероин дар марз


Марзбонони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 120 килограмм ҳероин мусодира кардаанд. Сухангӯи марзбонони Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, нархи миқдори ҳероини мусодирашуда яку ним миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо сухангӯи марзбонон дар бораи замони мусодираи ҳероин чизе нагуфт. Тоҷикистон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба бозорҳои мамолики ғарбӣ мебошад.
Сар аз оғози сол кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон беш аз севу ним тонна ҳероин мусодира кардаанд. Соли гузашта бошад, мақомоти Тоҷикистон панҷ тоннаву шашсад килограмм ҳероини афғонӣ боздошт намуданд.
XS
SM
MD
LG