Пайвандҳои дастрасӣ

"Шарқи Озод" аз нашри рӯзномаи "Одаму Олам" даст кашид


Сардабири ҳафтаномаи "Одаму Олам" мегӯяд, нашриёти «Шарқи Озод» нашри ин ҳафтаномаро боздоштааст. Мираҳмади Амиршоҳ сардабири "Одаму Олам" дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Хабар расонданд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан нашриёти "Шарқи Озод" дигар рӯзномаи моро чоп намекунад. Омадем, раиси нашриёт Додохоновро наёфтем, муовини вай гуфт, аз сабаби кам будани теъдод ва ба вайронӣ омадани асбобҳои нашриёт мо наметавонем, ки газетаи шуморо минбаъд чоп кунем. Аммо сабаб дар дигар чиз аст, ба фикрам."
Оқои Амиршоҳ иддао мекунад, аз ҷониби нашриёти "Шарқи Озод" пеш овардани масъалаи имконот ва фарсудагии таҷҳизоти чопӣ танҳо як баҳона аст ва сабаби аслии боз доштани нашри ҳафтанома интишори маводи интиқодӣ ба унвони мақомот ва инъикоси бепардаи воқеъот ва мушкилоти зиндагист.
Аммо дар ҳамин ҳол Умари Шерхон, муовини раиси чопхонаи "Шарқи Озод", ки мутаалиқи дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ мебошад, гуфт, нашри ҳафтаномаи "Одаму Олам" танҳо ба далели напардохтани ҳаққи чоп боздошта шудааст ва ангезаи дигаре надорад: "Рӯзномаи "Одаму Олам" барои напардохтани саривақтии ҳаққи хизмати полиграфӣ ва набудани шартномаи тарафайн то имрӯз боздошта шуд."
Нашрияи "Одаму Олам" як ҳафтаномаи хусусист, ки аз Наврузи соли равон ба ин ҷониб мунташир мешавад. Ахиран ин ҳафтанома тавассути интишори матолиби интиқодӣ миёни хонандагон маъруф шуда аст. Ба гуфтаи сардабири ин нашрия, чопи як мақола дар мавриди мушкилоти мавҷуд дар вазорати дифоъ ва интиқод аз амалкардҳои роҳбарияти ин вазоратхона боиси норозигии бархе гурӯҳҳо гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки ташакулҳои журналистӣ ва созмонҳои назорат бар ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, то кунун хабари қазияи мазкурро дарёфт накардаанд ва бо гузашти замон иллати ин қазия дақиқтар хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG