Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони тоҷикро ихтисор мекунанд


Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши муаллимони макотиби миёна бисту панҷ дар сад афзоиш меёбад ва ин дар ҳоле, ки соатҳои дарсӣ низ зиёд мешавад ва панҷ фоизи муаллимон ихтисор мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон барои суръат додани раванди ислоҳоти соҳаи маориф ахиран нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004 - 2009 - ро тасдиқ намуд.
Тибқи ин нақша, дар баробари ихтисори муаллимҳо, афзоиши соатҳои дарсӣ ва маоши омӯзгорон, боз иттиҳоди бархе аз фанҳо, таҷдиди назари соатҳои фанҳо, истиқлоли молии мактабҳо низ аз нукоти аслии ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб мегардад. Зариф Шарифов - муовини вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар маҷмӯъ муттаҳид намудани ҳабдаҳ фан дар назар аст. Акнун мувофиқи нақша, хонандагони мактабҳои миёна алифбои ниёгон, адабиёт, одобномаро дар дарси забони модарӣ меомӯзанд. Алгебра, математика ва геометрия низ ба як фан бо номи математика муттаҳид мешавад. Ва аммо ҳадафи аслӣ аз ин иттиҳод на коҳиши маҷмӯъии соатҳои дарсӣ аст, балки бо кам кардани соатҳои як фан соатҳои фанни дигар афзун хоҳад шуд, мегӯяд Зариф Шарифов:«Масалан, соатҳои таълимии забони модарӣ дар синфҳои русӣ ва узбакӣ се соат кам карда мешавад, аммо омӯзиши забони давлатӣ дар ин синфҳо се соат зиёд карда мешавад.»
Муовини вазири маорифи Тоҷикистон афзуд, то соли 2009 дар назар аст, мактабҳои миёна соҳибихтиёри бӯҷаи худ гарданд ва истиқлоли молӣ касб намоянд. Яъне, мактабҳои миёна имкони дастрасии бевосита ба маблағҳои барояшон тахсисшуда ва сарфи он ба салоҳдиди худро доранд, ки қаблан ин ҳама кор тавассути идораи маорифи ноҳия иҷро мегардид. Зариф Шарифов дар иртибот ба ин ҷиҳати навоварӣ дар соҳаи маориф гуфт, бозомӯзии мудирони мактабҳо низ аз шартҳои аслии пиёда намудани ин кор мебошад: «Барои ин, директорони мактабҳо низ дар баробари маълумоти омӯзгорӣ ва ё ҳуқуқияшон, инчунин бояд маълумоти иқтисодӣ ҳам дошта бошанд.»
Ҳамчунин ба мактабҳо ҳаққи ҷустуҷӯи манобеъи даромади иловагӣ дода мешавад. Дар назар аст, баъзе нукоти ислоҳот аз соли хониши нав дар панҷ шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ, яъне Кӯлоб, Ваҳдат, Хуҷанд, Хоруғ ва Ёвон ба роҳ монда шавад. Ва аммо як муаллимаи мактаби миёна, ки нахост исмашро ифшо созад, дар мавриди муттаҳид намудани фанҳо ва ихтисори муаллимон ба чунин назар аст: «На ҳама муаллимон хати форсиро, алифбои ниёгонро медонанд. Муаллимони забону адабиёти бисёр ҳам пурқувват ҳастанд. Пас онҳо аз касби худ даст мекашанд, чунки алифбои ниёгонро намедонанд. Муаллимоне, ки алифбои ниёгонро медонанд, забону адабиётро намедонанд. Ин маънои онро дорад, ки як гурӯҳ муаллимоне, ки кор мекунанд, маошашон зиёд мешавад, онҳо нонашонро меёбанд. Вой бар ҳоли онҳое, ки ихтисор мешаванд. Баръакс, муаллимон намерасанд.»
Ва аммо Зариф Шарифов - муовини вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар макотиби миёнаи кишвар дар маҷмӯъ беш аз яксаду се ҳазор омӯзгор дарс медиҳад ва камбуди муаллим аслан дар мактабҳои деҳот мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, барои ҷалби муаллимон ба деҳот ба онҳо имтиёзҳо дода шудааст. Ба гуфти муовини вазири маорифи Тоҷикистон, муаллимони ҷавони мактабҳои деҳот аз хидмат дар артиш ва аз андози замини наздиҳавлигӣ озоданд ва ҳамчунин ба омӯзгорони мактабҳои деҳот тақсим намудани замин дар назар аст.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG