Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти панҷ нафар бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир


Кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон панҷ нафар қочоқбарро, ки шомили як гурӯҳи созмонёфта буданд, боздошт карданд. Кормандони оҷонсӣ ин гурӯҳро дар назди дармонгоҳи ёрии таъҷилӣ воқеъ дар ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахт боздошт карда ва аз мошини онҳо беш аз 10 кило ҳероин кашфу мусодира намудаанд.
Бобоҷон Шафиев, намояндаи маркази матбуоти Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Аз як мошини тамғаи ВАЗ кормандони оҷонсӣ 11 халтаи селофанӣ пайдо карданд, ки беш аз 10 кило ҳероин дошт. Нисбат ба ҳар панҷ нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст."
Бобоҷон Шафиев афзуд, ҳангоми пурсиш маълум гашт, ки қочоқбарон ин микдор маводи мухадирро мехостанд, нахуст ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, сипас ба Русия интиқол диҳанд. Тибқи иттиллоъи Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод тайи 6 моҳи соли равон аз гурӯҳҳои қочоқбар ҳудуди 400 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG