Пайвандҳои дастрасӣ

Яксаду бисту як оилаи бадахшӣ бехона мемонанд?


Ҳукуматдорони шаҳри Хоруғ бо кӯмаки шӯъбаи корҳои дохилӣ то охири моҳи июл 120 оиларо аз манзилашон берун мекунанд. Ағлаби ин хонаводаҳо бар асари даргириҳои дохилӣ аввали соли 1990-ум аз шаҳри Душанбе ва навоҳии вилояти Хатлон ба шаҳри Хоруғ кӯч бастанд ва бо иҷозати ҳукумати шаҳр дар биноҳои маъмуриву таълимӣ ҷой гирифтанд. Баъди фаъол гардидани муассисаву идораҳои давлатӣ ҳукумати шаҳр барои хориҷ кардани ин оилаҳо аз манзилҳои мувақаттӣ қарор содир кард. Аз 120 оила 34-тои онҳо ҳанӯз ҳам дар биноҳои давлатӣ ба сар мебаранд ва ба қавли худашон нияти баромадан ҳам надоранд.
Яке аз онҳо омӯзгор Майсара Султонова гуфт, ки бо панҷ кӯдаки ноболиғи худ аз манзилаш баромаданӣ нест: "Мувофиқи қонун давлат вазифадор аст, ки шаҳрвандони худро бо манзил таъмин кунад. То он вақте, ки моро бо сарпаноҳ таъмин накунанд, ману фарзандонамон аз ин хона берун намеравем."
Аммо додситони шаҳр Саломатшо Шамолов мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳаққи таъмин кардани ин сокинонро бо манзил надорад: "Шахсоне набаромада истодаанд, ки бинобар шароити оилавии вазнин, дар ҷойи дигар манзил надоранд. Лекин ба он шахсоне, ки бе ҳуҷҷат ба утоқҳо медароянд ва онҳоро забт мекунанд, мувофиқи қонунҳои ҷорӣ, ягон мақомот ҳуқуқ надорад, ки онҳоро бо ҷой таъмин намояд. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки бинои идораву муассисаҳоро ишғол намудан қатъиян манъ аст."
Ҳукумати вилоят саъй мекунад, то расидани фасли сармо ин оилаҳоро аз манзил берун кунад, зеро дар фасли зимистон ба кӯча баровардани хонаводаҳоро қонун манъ мекунад. Ҳарчанд манзили аксар хонаводаҳо тангу таъмирнодида аст, аммо онҳо бо шароити кунунии худ қаноат намуда, танҳо изҳор доштанд, ки "Ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест."
Файзи Мирҳасан аз шаҳри Хоруғ
XS
SM
MD
LG