Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки нави "Тоҷиктелеком" ба Афғонистон


Тавассути муҳандисони ширкати "Тоҷиктелеком" дар шаҳраки Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон як истгоҳи мухобиротӣ роҳандозӣ шудааст. Ин нахустин минтақаи мухобиротӣ дар нуқтаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, ки сокинони вулусволии Дарвози Афғонистон имкон пайдо кардаанд, бо ҷаҳони хориҷ таввасути шабакаи мухобиротии Тоҷикистон робитаи телефонӣ барқарор кунанд.
Ислом Ҷонмаҳмадов - мудири шӯъбаи "Тоҷиктелеком" дар ноҳияи Давроз мегӯяд, ин иқдом дар чаҳорчӯби кӯмаки Тоҷикистон барои бозсозии Афғонистон ба сурати бепардохт амалӣ шудааст: "Он васоиле, ки мо истифода бурдем, симчӯбу, кабелу телефонҳое, ки мо он ҷо гузоштем, ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба онҳо бахшидем."
Вале ба гуфтаи ӯ, пардохти ҳаққи гуфтугӯҳои телефонии сокинони манотиқи марзии Афғонистон, ки танҳо тавассути шабакаи мухобиротии "Тоҷиктелеком" анҷом мешавад, мувофиқи тарифҳое сурат мегирад, ки барои гуфтугӯҳои дохилӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муайян шудааст. Бо роҳандозии ин хати робитаи телефонӣ ҳатто иртиботи сокинони минтақаҳои марзии Афғонистон бо маркази ин кишвар шаҳри Кобул низ таввасути шабакаи мухобиротии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи оқои Ҷонмаҳмадов, қарор аст ба зудӣ таввасути муҳандисони чинӣ истгоҳи ҷадиди телефонии диҷитал, ё рақамӣ дар ноҳияи Дарвоз роҳандозӣ шавад, ки ҳамзамон хати иртиботии телефонии вулусволии Дарвози Афғонистон низ ба ин истгоҳ пайваст мегардад.
Ӯ инчунин афзуд, дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба бозсозии Афғонистон бояд чанд минтақаи дигари марзӣ низ ба шабакаи мухобиротии Тоҷикистон пайваст шавад. Мудири шӯъбаи "Тоҷиктелеком" гуфт, ин нахустин иқдом аз чунин қабил аст, ки як минтақаи марзии Афғонистон тавассути шабакаи мухобиротии Афғонистон бо ҷаҳони хориҷ ва аз ҷумла бо маркази Афғонистон робитаи телефонӣ барқарор мекунад.
Раҳматкарими Давлат аз Бадахшон
XS
SM
MD
LG