Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби Қонуни манъи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон


Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи манъи иҷрои ҳукми қатлро баъд аз он, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси Намояндагон ба тасвиб расид, пуштибонӣ намуда, онро тасдиқ кард. Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 8 июл тарҳи Қонуни боздошти иҷрои ҳукми қатл, ё моратория як бори дигар мавриди муҳокимаи вакилони он қарор дода шуд. Маҳкам Маҳмудов, вакили Маҷлиси Миллӣ, раиси факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аммо ин иқдом ба он маъно нест, ки ҳукми қатл дар ҳамаи мавридҳо аз қонунгузории Тоҷикистон бардошта шудааст: "Маънои онро надорад, ки ба ин ҷараёни хотима дода шудааст ва мувофиқи қонуни қабулшуда, ҳукми қатл ба 25 соли маҳрумият аз озодӣ иваз карда шуд."
Вакилони парлумони Тоҷикистон мехоҳанд, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар оянда ҳукми қатлро аз Кодекси ҷиноӣ бардошта ва ба ҷойи он ҳукми абадро ҷорӣ намоянд. Маҳкам Маҳмудов, вакили Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мегӯяд: "Дар ояндаи наздик ислоҳоти ҳуқуқӣ идома хоҳад ёфт ва мо метавонем, ба ҷои ҳукми қатл масалан ҳабси абадро ҷорӣ намоем. Ва мо агар хоҳем, ки ҷомеаи демокративу дунявӣ созем, бояд бо дарки масъулият нигоҳ кунем, маҳрум кардан аз ҳаёт гуноҳи бузург аст."
Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, манъи иҷрои ҳукми қатл ба наметавонад сабаби афзоиши ҷиноят дар кишвар шавад.
Мирзонабии Холиқзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG