Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Ҷорҷ Сорос ба Тоҷикистон инқилоб орзу кардааст?


Дар Тоҷикистон гуфтаҳои миллиардери накӯкор Ҷорҷ Сорос вокунишҳои эътирозангез ба амал овардаанд.
Расонаҳои хабарии Русия навиштанд, ки Сорос мехоҳад, инқилоби назири Гурҷистонро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кунад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфтааст, агар чунин изҳороти Сорос садо дода бошад, мо онро ғайриҷиддӣ мешуморем.
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода ба хабаргузории Авеста гуфтааст, беҳтар аст, ҷаноби Сорос ба сиёсат кордор нашавад. Тоҷикистон дигар намехоҳад, бо роҳи инқилобӣ пеш равад.Ва ноиби мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд дар Маскав Владимир Жарихин гуфтааст, беҳтар аст Сорос ба Тоҷикистон сар нахалонад. Ин ягона намунаи қатъи ҷанги, ба гуфтаи Жарихин, шаҳрвандист, ки бо сулҳ тамом шуд ва набояд гузошт, ки Сорос дар Тоҷикистон худро озод ҳис кунад.
Ҷорҷ Сорос панҷуми июл дар мусоҳиба ба "Лос Анҷелис Таймс" гуфтааст, ки хурсанд мешуд, агар агар таҳаввулотеро монанди ҳодисаҳои Гурҷистон дар баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ медид, вале афзудааст, ба назари ӯ, чунин интизорӣ амалӣ буда намтевонад. Зеро шароит фарқ мекунад ва дар кишварҳои гуногун бояд таври гуногун рафтор кард.
Сорос гуфтааст, инқилоби Гурҷистон як ҳодисаи хос буд.

Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG