Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Печидагиҳои сиёсати муҳоҷиратии Русия


Мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия, бо ширкати муҳофизони ҳуқуқ ва намояндагони мақомот, тайи як мизи гирд дар Маскав баррасӣ гардид. Аксари сухангуёни мизи гирд сиёсати марбутаи Русияро зиддимуҳоҷиратӣ хонданд ва аз мақомоти кишвар хостори расидагии дигарбора ба қонунҳои танзимкунандаи муҳоҷират шудаанд. Ба вижа дар ихтиёри пулис боқӣ мондани умури муҳоҷират, яке аз мавзуъҳои асосии мавриди интиқод буд ва гуфта шуд, умури муҳоҷиратро ба пулис додан мисли ин аст, ки созмони ҳимоя аз ҷонварон бо комбинати гӯшт пайваст карда шавад, ки ба маънии гургро чӯпон хостан аст.
Умури муҳоҷират дар Русия дар солҳои аввали президентии Владимир Путин ба як бахши вазорати умури дохила табдил шуд. Муҳофизони ҳуқуқ дар ҳамон ибтидо ҳушдор доданд, ки муҳоҷират умури мулкист, муҳоҷир ниёзманди меҳрубонист, вале пулис ба ҳайси сохтори қудратӣ чунин фаросатро надорад.
Дар идома, масъалаи муҳоҷират дар Русия печидатар ва бархӯрд бо муҳоҷирон боз ҳам шадидтар шуд. Дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ моҳҳо нигоҳ доштани муҳоҷирон, депортатсияҳои пуровозаи бадномкунанда, таъқибу ғорати муҳоҷирон аз сӯи пулис бо баҳонаи қонуншикании маъмурӣ дар мизи мудаввар дар шумори садҳо мушкилоти муҳоҷирон дар Русия номбар шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Владимир Путин дар аксари суханрониҳои марбутаи худ муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба Русияро барои ояндаи кишвари худ муҳим арзебӣ кардааст. Сабаби духӯрагии сиёсати муҳоҷиратии Русияро Лидия Графова, раиси «Анҷумани созмонҳои муҳоҷирон» тайи суханони худ ба ноогоҳии раиси ҷумҳур аз мушкилоти аслии муҳоҷират ва фиребида шудани вай аз суи дастёронаш рабт дод.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG