Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Рушайло бо Раҳмонов


Дар ҷараёни дидори Владимир Рушайло - раиси кумитаи иҷроияи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ояндаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви ҷомиаи ҳамсуд ва тақвияти равобит миёни ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
Владимир Рушайло пас аз ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт: "Дар навбати аввал масоили ҳамгироии иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ шуд ва дар ин замина як идда аз барномаҳои чандҷониба ва дуҷониба омода шудааст."
Ҳамчунин мушкилоти мубориза бо терроризм, мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил ва мубориза бо маводи мухаддир, силоҳ ва маводи тарканда аз хатароти нави ҷаҳонӣ, ки на танҳо ба амнияти кишварҳои узви ҷомиаи ҳамсуд таҳдид бор меоварад, аз мавзуоти меҳварии мулоқот бо Раҳмонов будааст.
Владимир Рушайло афзуд, ки вай тоза ба мақоми раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ таъйин шудааст ва як ҳадафи дигари сафари ӯ ба кишварҳои узви ин иттиҳод ошноии вай ба руасои ҷамоҳири ин кишварҳо ва назару мавқеи онҳо ба ояндаи иттиҳоди мазкур дар вазифаи нав мебошад.
Владимир Рушайло зимни мулоқот бо Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон ва Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи ин кишвар масоили тавсиаи муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ мавриди муҳокима қарор додааст.
Оқои Рушайло мегӯяд, равобит миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ идома дорад, аз ин рӯ тақвият ва таҳкими нуфузи иттиҳоди мазкур дар вазъияти феълӣ ва ба вижа ҷиҳати ҳамгироии иқтисодӣ миёни ин кишварҳо пураҳамият мебошад.
Тибқи иттиллоъи дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти Владимир Рушайло ва Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба мушкилоти баҳрабардорӣ аз захоири энержии Тоҷикистон истифода ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва таъмини бархе аз корхонаҷоти кишвар бо технологияи муосир табодули назар сурат гирифтааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG