Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Рушайло дар Тоҷикистон


Владимир Рушайло - раиси кумитаи иҷроияи кишварҳои узви ҷомеъаи муштаракулманофеъ аз Тошканд вориди Душанбе шуд. Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба сафари Владимир Рушайло ба ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии сафари Владимир Рушайло ба Тоҷикистон баррасии масъалаи такмили сохторӣ ва фаъолсозии созмони ҷомеъаи муштаракулманофеъ мебошад.
Игор Сатторов афзуд: "Қарор аст, Владимир Рушайло дар доираи сафари кӯтоҳаш ба ин кишвар бо президенти Тоҷикистон, сарвазир ва вазири хориҷа дидору мулоқот кунад. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодии кишварҳои минтақа дар доираи созмони ҷомеъаи муштаракулманофеъ баррасӣ мешавад."
Оқои Сатторов афзуд, ҳамчунин дар мулоқоти Владимир Рушайло бо мақомоти Тоҷикистон нақши ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви ҷомеъаи муштаракулманофеъ, аз ҷумла кори шӯрои ҳамкориҳои иқтисодӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир изҳори назар карда мешавад.
Тибқи гузоришҳо, Владимир Рушайло - раиси кумитаи иҷроияи созмони кишварҳои ҷомеъаи муштаракулманофеъ пас аз анҷоми сафараш дар Тоҷикистон бо мақсади идомаи машварат оид ба такмили ҳамаҷонибаи сохтори созмони ҷомеъаи муштаракулманофеъ ба кишварҳои Қафқоз хоҳад рафт.
Сафаргул Олимӣ аз Душанбе
XS
SM
MD
LG