Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи дубораи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон


Интиқоли барқи Тоҷикистон ба вулусволии Дарвози Афғонистон аз сар гирифта шуд. Абдулло Ёров - муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон дар ҳошияи маросими оғози интиқоли нерӯи барқ ба ин минтақаи марзии Афғонистон гуфт, ба далели бурузи мушкилоти маълум дар ду кишвар, ки мунҷар ба таввақуфи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба минтақаи марзии Бадахшони Афғонистон гашта буд, билохира пас аз чаҳордаҳ сол интиқоли барқ ба ин минтақа бо зарфияти 50 ҳазор киловатт соат оғоз шуд. Ӯ таъкид кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, дар оянда зимни эҳдоси шабакаҳои нерӯи барқ тамоми вилояти Бадахшони Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Вай афзуд, бо роҳ уфтодани ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, ки 14 ҳазор киловатт нерӯи барқи изофӣ тавлид мекунад, Тоҷикистон хоҳад тавонист дар фасли зимистон низ минтақаи Бадахшони Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 ҳамакнун таввасути кӯмаки Сандуқи Оғохон дар ҳоли такмилу бозсозӣ қарор дорад ва интизор меравад, ба зудӣ мавриди баҳрабардории комил қарор бигирад.
Ба гуфтаи оқои Ёров, Тоҷикистон аз як соли пеш интиқоли нерӯи барқ ба вилояти Қундузи Афғонистонро аз вилояти Хатлон оғоз карда ва ин дуввумин минтақаи марзии Афғонистон аст, ки бо кӯмаки Тоҷикистон бо нерӯи барқ таъмин мешавад.
Раҳматкарими Давлат аз Бадахшон
XS
SM
MD
LG