Пайвандҳои дастрасӣ

НДС - напардохтан дарди сар


Нашрияи «Рӯзи Нав» истилоҳи «НДС»-ро ки дар тарҷума аз русӣ андоз аз арзиши изофа мебошад, «напардохтан дарди сар» тафсир кардааст. Нависандаи мақола тағйири ахири қонуни андозро, ки васоити ахбори умумро аз пардохти андоз аз арзиши изофа озод кардааст, барои расонаҳои хабарии мустақил беманфиат номидааст. Тибқи ин тағйирот, расонаҳои хусусияти реклама дошта аз ин имтиёз бархурдор нестанд. Аммо навиштааст «Рӯзи Нав», қабули ин қонун боиси пеш омадани мушкилоти дигар мегардад. Зеро кулли муҳимоти чоп аз Русия оварда мешавад ва ҳангоми ба расмиятдарории гумрукӣ аз онҳо андоз аз арзиши изофа ситонида мешавад. Қаблан ин фоизи андоз пас аз ҳисобӣ баргардонида мешуд. Аммо акнун васоити ахбор аз ҳаққи истифодаи имтиёз аз арзиши изофа маҳрум мегардад.
Дар матлаби дигаре дар «Рӯзи Нав» тақсими заминҳои зироаткорӣ ноодилона номида шудааст. Навишта шудааст, соҳибони хоҷагиҳо, мансабдорон ва собиқ қумондонҳо заминҳои нисбатан беҳтарро соҳиб гаштанду қитъаҳои ноқисро барои «бепушту паноҳон» монданд. Ин ҳол махсусан дар навоҳии пахтакор бештар ба назар мерасад.
«Нерӯи Сухан» аз «рехтан»-и чиноиҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ва аз эҳтимоли муқимӣ шудани онҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Муаллиф навиштааст, боз ҳамон меҳмоннавозии аҷдодиямонро нишон дода бехонаву дар намонем.
Дар ҳамин ҳол, «Рӯзи Нав» дар бораи аз Қошғар ба Хоруғ расидани аввалин автобуси мусофиркаш хабар додааст. Боймурод Эшонов - ноибраиси иттиҳоди ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон гуфтааст, ин кишвар метавонад ба як кишвари транзит барои ҳамлу нақли амвол табдил гардад. Вале дар ҳамин ҳол, Хи Сан Юан - мудири ширкати ҳамлу нақли вилояти Шинҷони Чин шароити роҳҳои Тоҷикистонро ба меъёрҳои байналмилалӣ номувофиқ арзёбӣ кардааст. Ва аммо тибқи тавофуқи Тоҷикистону Чин ифтитоҳи намояндагиҳои иттиҳодҳои ҳамлу нақли ҳарду кишвар мутаносибан дар Қошғар ва Хоруғ дар назар аст.
Бизнеси чиноӣ бозорҳои мухталифи Тоҷикистонро торафт аз худ мекунад. Ширкати мобилии муштараки тоҷику-чиноии "TK-Mobile" дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ношири ин хабар «Азия Плюс» навиштааст, нархи хидматрасонии ин ширкат ва қиммати гуфтугӯ нисбати дигар ширкатҳои мобилӣ ба маротиб арзонтар будааст.
Тибқи як хабари дигари «Азия Плюс» ширкати мобилии "Indigo Tajikistan" имкон ёфтааст, дар Имороти Муттаҳидаи Араб роуминги автоматии худро ҷорӣ кунад. Акнун телефони ҳамроҳи муштариёни «Индиго» бар иловаи Дания, Қирғизистон, Беларус, Афғонистон ва Туркия дар Имороти Муттаҳидаи Араб низ кор хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG