Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқ мефурӯшад


Рашид Гулов - сардори раёсати сиёсати энержии вазорати энергетикаи Тоҷикистон 6 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қарордоде, ки миёни вазоратҳои энергетикаи Тоҷикистону Қазоқистон дар авоили ҳамин ҳафта ба имзо расид, Точикистон дар наздиктарин фурсат ҳудуди 1 миллиард киловат соат нерӯи барқи худро ба ин кишвар хоҳад фурӯхт. Ба гуфтаи оқои Гулов, ахиран як ҳайъати Тоҷикистон дар раъси вазири энергетикаи ин кишвар Ҷӯрабек Нурмаҳмадов ба Қазоқистон сафар намуд ва дар он ҷо масъалаи мазкурро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ кард: "Дар бораи содироти нерӯи барқ ба Қазоқистон гуфтӯгу карданд. Умуман 1 миллиард киловатт соат ба Русия бояд фурӯшем ва 450 миллион киловатт соат ба Узбакистон диҳем. Ҳар қадр нерӯи барқи зиёдатӣ бошад мо мефурӯшем."
Дар ҳамин ҳол ба қавли Рустам Раҳимов - муовини сармуҳандиси вазорати энергетикаи Тоҷикистон гуфт, Русия ҷиҳати харидории як миллиард киловат соат барқи Тоҷикистон бо Узбакистон ба музокира пардохтааст. Дар сурати мувофиқа ҳосил шудан байни Маскав ва Тошканд, Русия имкон пайдо мекунад, ки аз роҳи Узбакистон барқи Тоҷикистонро бигирад.
Оқои Раҳимов афзуд: "Дар ҳоли ҳозир ҷониби Русия ва Узбакистон шароити пардохти хаққи интиқоли транзити барқ аз роҳи Тошкандро баррасӣ доранд, агар ҳар ду тараф мувофиқат ҳосил намоянд, ва ба қарори муайяне оянд, Тоҷикистон барқи худро ба Русия интиқол хоҳад дод."
Дар музокираи байни ин ду кишвар Тоҷикистон ширкат надорад ва пули интиқоли транзити нерӯи барқро ҷониби Русия хоҳад пардохт. Оқои Раҳимов гуфт, Тоҷикистон феълан танҳо таввасути хатхои барқи Узбакистон метавонад нерӯи барқи худро ба Русия интиқол диҳад ва дар сурати ризоият надодани Тошканд, Тоҷикистон наметавонад, нерӯи барқи худро ба Русия содир кунад. Бино ба иттилоъи вазорати энергетика, Тоҷикистон дар фасли гармо бо боло омадани сатҳи об дар обанборҳо, дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар ҳудуди 3 миллиард киловат соат, бештар аз ҳаҷми талаботи дохилӣ барқ истеҳсол мешавад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG