Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи пули нави иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон


Дуввумин пули иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Ому, воқеъ дар ноҳияи Дарвози Бадахшон рӯзи сешанбе, 6 июл бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Неъматуллоҳи Шаҳронӣ - муовини раиси давлати интиқолии Афғонистон ва Шоҳ Карим-Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар маросими ифтитоҳи ин пул, дар ҷамъи сокинони ду соҳили рӯдхонаи Ому сухан мекард, баҳрбардорӣ аз ин гузаргоҳи марзиро орзуи деринаи сокинони минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон унвон кард.
Ӯ ифтитоҳи силсилапулҳо аз болои рӯдхонаи Омуро дар раванди ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва густариши иртиботи иқтисодӣ муҳим хонд ва афзуд: «Афғонистон минбаъд дарвозаи рафтуомади мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанги ду соҳили рӯди Панҷ гардида, ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии ду кишвари дӯст ва ҳамсоя мусоидат хоҳад намуд. Ин купрӯкро воқеан "купрӯки дӯстӣ" номидан равост, зеро он марзҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистонро бо ҳам мепайвандад."
Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт, бар асари қазоёи таърих, ин ду мардуми ҳамзабон, ҳамтаърих ва ҳамфарҳанг дар тӯли 80 соли гузашта аз ҳам ҷудо афтода, аз ратфуомади биломонеа маҳрум буданд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст ба изофаи ду пули мавҷуд, боз чаҳор пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар фарози рӯдхонаи Ому сохта шавад. Вай эълон кард, аз чаҳоршанбе, 7 июл эҳдоси саввумин пул аз ин силсила дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон оғоз хоҳад шуд.
Неъматуллоҳи Шаҳронӣ - муовини раиси давлати интиқолии Афғонистон зимни ташшаккур аз кӯмакҳои Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар амри бозсозии Афғонистон, хостори мусоидати бештари онҳо ҷиҳати сохти роҳҳои автомобилгард, макотиб ва мухобироти минтақаи дурдаст ва маҳруми Бадахшони Афғонистон шуд.
Шоҳкарим-Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV пешвои исмоилиёни ҷаҳон низ гуфт, ин силсилапулҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ду тарафи соҳили Ому хидмат хоҳад кард ва бар идомаи кӯмакҳои худ ҷиҳати ба ҳам наздик кардани ин ҷомеаҳо таъкид намуд.
Гуфтанист, дуввумин пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар фарози рӯди Ому бо тӯли 126 метр ва тавоноии бардошти 25 тонна бор таввасути 400 ҳазор доллар сармоягузории Сандуқи Оғохон бунёд шудааст.
Раҳматкарими Давлат аз ноҳияи Дарвоз
XS
SM
MD
LG