Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тиррешаи фасод дар мактабҳои миёна


Як ҷавондухтаре, ки аз беҳтарин хонандаи мактабаш маҳсуб мегардад, имсол ба синфи нӯҳ гузашт. Барои бо баҳои аъло супурдани имтиҳоноташ ин духтар омодагии ҷиддӣ медид ва шабу рӯз китоб мехонд. Баҳои аъло ҳам гирифт, дар баробари ҳамсинфони зиёди дигараш. Аммо байни баҳои панҷи ӯ ва иддаи бештари ҳамсинфонаш фарқ буд: «Ин гуна шахсон хеле зиёданд, ки баҳои ҳақиқӣ нагирифтанд ва он донише, ки онҳо доштанд, ба баҳояшон дуруст намеомад. Вале муаллимон ба онҳо як баҳои баландтар гузоштанд.»
Гуфта мешавад, ришват дар макотиби миёна на шабеҳи фасод дар макотиби олӣ аст. Дар мактабҳои миёна ҳодисаҳои бо пул гирифтани имтиҳон кам рух медиҳад. Дар баъзе маворид, хонанда ва ё волидони ӯ бо ҳадяе ва ё зиёфате ба истилоҳ дили муаллимро нарм мекунанд. Вале имрӯз дар бисёре аз мактабҳои миёна, зиёфатҳо бошукӯҳтар ва ҳадяҳо гаронбаҳотар гаштаанд ва бар иловаи ин ҳама боз таъмирпуливу рангпуливу бурпуливу пули моҳу дигару дигар бар дӯши хонандагон вогузор шудааст.
Як зан, ки ду фарзандаш муҳассили мактаби миёна ҳастанд, аз анвоъи мухталифи пардохтҳои ғайрирасмӣ дар мактабҳои миёна ба дод омадааст: «Пули моҳ биёр меган, пули краска биёр, ин биёр, вай биёр. Кудакҳоям гиря мекунанд, ки оча, мактаб намеравем. Мепурсам, ки охир чаро мактаб намеравед? Мегӯянд, мерем, муаллимаам пул мегӯяд, мегӯяд, ту ба мо ташкилӣ кун. Мана, муаллимҳо аз кӯдакон шаш ҳазорӣ ҷамъ карданд. Бовар кунед, ё не, на барои кудакон «вечер» карданд, на чизи дигар. Мана, аз ман барои ду кӯдакам 12 ҳазорро хӯрд. Имрӯз пули театр яку ним ҳазор биёр, фардо пули краска биёр, боз пули ягон чизи дигар. Сил кардаанд маро. Майлаш, хайр гиранд, аммо ин хели бадам не.»
Ва аммо Саидамир Аминов - сардори идораи таҳсилоти умумии вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии ин кишвар пардохти иҷбории ҳама гуна маблағ манъ аст: «Маъракаҳои серхарҷ манъ шудаанд бо фармони вазир. Масалан, гапҳо ҳаст, ки пул мегиранду дигар. Ин пулгириҳо манъ шудаанд, лекин намедонам акнун.»
Ба гуфтаи ҷаноби Аминов, пардохтҳои иловагие, ки аз хонандагон гирифта мешавад, аз тарафи худи волидон ба ҳайси мадад ба мактабу омӯзгор муқаррар гардидааст. Мирзоумар Алиев - муовини мудири мактаби миёнаи рақами ҳашти Душанбе мегӯяд: «Маоши муаллимони мактабҳои миёна аз 18 сомонӣ то 22-23 сомонӣ мебошад. Агар аз тарафи волидон кӯмак ба мактаб ва дастгирии мактабу омӯзгорон шавад, ин бисёр хуб мешуд.»
Бино бар иттилоъи Бахтиёр Боқилов - сардори идораи банақшагирӣ ва иқтисоди вазорати маориф, камтарин маоше, ки як омӯзгори мактаби миёна дар Тоҷикистон мегирад, каме бештар аз чор доллари амрикоиро ташкил медиҳад: «Омӯзгоре, ки категорияи олӣ дорад, барои як ставкаи дарс 27 сомониву 20 дирам мегирад. Як ставка барои синфҳои як то чор 16 соат мешавад, аз синфи панҷ то 11, 14 соат мешавад дар як ҳафта. Аз ҳама поёнаш агар бо маълумоти миёна дарс диҳад, 13 сомониву 47 дирам барои як ставка. Бар иловаи ин, роҳбарони синф 20 фоиз бар иловаи маош мегиранд, барои тафтиши дафтар 10 фоиз мегирад, боз дар як сол як бор ба миқдори як маош табобатпулӣ дода мешавад.»
Оқои Боқилов афзуд, маъмулан аксари мударрисон беш аз як баст кор мекунанд, яъне ҳудуди сӣ соат дар як ҳафта дарс медиҳанд. Аммо маоши шаст сомонӣ ва ё каме бештар аз ин ҳам барои пеш бурдани аробаи зиндагӣ нокифоя мебошад.
Як муаллимае, ки нахост номашро ифшо созад, гуфт: «Он маблағе, ки мо мегирем, як халта орд ҳам гирифта намешавад. Мана, ман худам омӯзгор ҳастам, шавҳарам бекор, пули мегирифтагиям ба ҳеҷ чиз намерасад. Боз пули барқ, пули газ, пули хонаро супурдан даркор. Бепул ҳозир ягон кор карда намешавад.»
Ҷомеашинос Алишер Раҳмонбердиев мегӯяд, дар шароити имрӯз ва бо назардошти вазъи мушкили иқтисодии омӯзгорон дар ҷамъ кардани маблағ ва харидани ҳадяҳо барои муаллим зарурат вуҷуд дорад, аммо ин амал набояд ба ҳадди ифрот расонида шавад: «Албатта, қадр кардани меҳнати муаллим даркор аст, лекин ин қадркунӣ набояд ин шаклҳои вайронро гирад. Мутаассифона, дар баъзе мактабҳо ҳамин ҳам мушоҳида мешавад, ки ҳатто баъзе муаллимҳо худашон таъйин мекунанд, ки дар вақти хатми мактаб мисол чӣ овардан даркору чӣ тӯҳфа супоридан даркор.»
Алишер Раҳмонбердиев нақл кард, ки соли гузашта фарзандаш мактабро хатм намудааст ва дар як маҷлиси қабл аз имтиҳоноти хатм мудири мактаб аз волидони хатмкунандаҳо талаб кардааст, то ба нишони арҷи заҳматҳои омӯзгорон як видеокамера харида диҳанд.
Як зан гуфт, фарзанди ӯро барои надодани пул барои харидани қолин ба муаллим ба қавле «муҷозот» ҳам намудаанд: «Духтарамро қасд гирифтанд, аз таърих баҳои се мондан ӯро. Ман худам назди директор рафтам, директор гуфт, не, ин духтари чору панҷхон аст, баҳои ҳақиқияшро монед. Баьд, намедонам, монданд, намонданд, нарафтем. Ана, мактаб, ки сар шуд, меравам ва тафтиш мекунам.»
Ва аммо хонандагоне, ки бо иллати нодории волидон аз маъракаи ба истилоҳ қадри меҳнати муаллим ақиб мемонанд, ба мушкилоти равонӣ дучор мешудаанд. Алишер Раҳмонбердиев: «Вақте, талаба ин маблағро оварда наметавонад, агар аз тарафи муаллим ҳам коҳиш набинад, аз тарафи ҳамсинфҳояш суханҳои гуногун мешунавад. Ва ин суханҳо дар аксари ҳол таҳқиромез садо медиҳанд.»
Дар ҳамин ҳол, Гулбаҳор Бурҳонова - сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, тӯли чор соли охир ягон муаллими мактаби миёна бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт нашудааст ва аз ришвахории муаллимон ягон сокини пойтахт шиквае ҳам накардааст: «Дар давоми чор сол аз болои муаллимҳои мактабҳои миёна ва олӣ ягон арзу шикоят омадагӣ нест. Танҳо як кори ҷиноятӣ аст, лекин бе ариза кушода шудааст, дар рафти санҷиш. Аз болои як муаллими донишгоҳи кишоварзӣ дар соли 2003.»
Қарсак аз ду даст меояд, мегӯяд мардум. Мегӯянд, ин аз он сабаб аст, ки худи хонандагон низ бо тӯҳфае ва ё зиёфате бидуни заҳмат баҳои хуб гирифтанро афзал мешуморанд. Бар иловаи ин, одатан омӯзгорони макотиби миёна шогирдони худро аз хурдӣ мешиносанд, бисёр вақт ҳамсоя ҳам ҳастанд, махсусан дар деҳот. Дар қаряҷот сарфу харҷ барои муҳассилони мактабҳои миёна ба мисли шаҳр зиёд нест. Ва аксаран ба ҷойи ҳадя омӯзгор аз хонандагон ба истилоҳ ҳаққуззаҳмати устодии худро ба таври дигар меситонад.
Ҷомеашинос Алишер Раҳмонбердиев низ дар деҳа мактаби миёнаро хатм намудааст: «(механдад), Хайр, ҳамаи мо ҳам мактаб хондагӣ ҳастем. Ин воқеа дар замони Шӯравӣ ҳам буд. Вақте муаллим талабагонро дар назди замини назди ҳавлигияш кор мефармояд, ин аз як тараф сӯиистеъмоли худи вазифа мешавад, ва бисёри вақт, ин чиз, медонед, ҳатто дар вақти дарсҳо ҳам мушоҳида мешавад.»
Дар маҷмӯъ, ҳаводиси бештарини ришваситонии муаллимон ва ё ба қавле "изҳори сипоси шогирдон" ба заҳматҳои устодашон дар мактабҳои миёна дар охири соли хониш барои беҳтар намудани баҳоҳои ҷамъбастӣ ва ё имтиҳоноти хатм мушоҳида мегардад. Вале як духтар, ки аз бурдани исмаш худдорӣ намуд, аз ҳама гуна ташвиши ҳадяву зиёфат барои муаллим озод будааст: «Ман баъд аз синфи нӯҳ маҷбур шудам, ки мактабро партоям. Дар хона шишта, ба модарам ёрӣ мерасонидам. Баъд аз се сол аттестатамро харидам.»
Ва аммо гуфта мешавад, харидани шаҳодатномаи дарёфти маълумоти миёна бештар барои зудтар ба донишгоҳ дохил шудан ва ё барои аз ҳамон таълими хатмӣ ба қавле халос шудан лозим аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG