Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Оғохони IV аз Тоҷикистон


Ифтитоҳи нахустин бонки сармоягузории хурд дар Душанбе, ниҳодани нахустин хишти бинои донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ва ширкат дар маросими бозшавии пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ аз аҳдофи аслии сафари чаҳоррӯзаи Шоҳкарим-Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба Тоҷикистон аст.
Шоҳкарим Оғохони IV рӯзи душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии ин кишвар мулоқот кард. Вай ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди рушди Оғохонро дар самти иқтисодӣ муфид ва мусбат арзёбӣ карда, гуфт, умедвор аст, ифтитоҳи нахустин бонки сармоягузории хурд дар Душанбе бо сарпарастии Бунёди рушди Оғохон раванди ҳамкориҳоро дар оянда тавсиа хоҳад дод.
Шоҳзода Оғохон гуфт, ки бонки мазкур бо маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард: "Дар қадами аввал афроде соҳиби вомҳои ин бонк хоҳанд шуд, ки аз табақаи нодор ва камбизоати ҷомиа буда, аз бонкҳои тиҷоратӣ наметавонанд, кӯмаки молӣ ва қарз дарёфт кунанд. Яъне мо шароитро барои фермерҳо ва ё нафароне, ки дар бахши кишоварзӣ машғулият дошта, ҷиҳати равнақи фаъолият аз бонкҳои дигар қарз гирифта натавонистаанд, фароҳам хоҳем кард."
Шоҳзода Оғохон гуфт, ки фаъолияти нахустин бонки сармоягузории хурд дар доираи маблағи пешбинишуда маҳдуд намешавад ва агар талабот ба қарзҳои бонк зиёд шавад, маблағгузорӣ низ афзуда хоҳад шуд.
Бунёди Рушди Оғохон, яке аз созмонҳои байналмилалии моливияст, ки дар татбиқи чандин барномаҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми маорифи ҳукумати Тоҷикистон ширкат дорад. Бунёди Оғохон махсусан ба аҳолии вилояти Бадахшони Тоҷикистон ки умдатан аз пайравони мазҳаби исмоилия мебошанд, кӯмакҳои башарӣ ва ҳамчунин қарзҳои камфоиз дода, дар бунёди муассисоти таълимӣ ва бо компютер таъмин кардани ин муассисот мадад расонидааст.
Бо кӯмаки Бунёди Оғохон бархе аз навоҳӣ дар манотиқи шарқи Тоҷикистон бо тухмии анвои нави гандум ва картошка таъмин мешаванд. Аммо дар доираи барномаи сафари худ ба Тоҷикистон Шоҳкарим- Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Неъматуллои Шоҳронӣ - муовини раиси давлати интиқолии Афғонистон, ки баъд аз зӯҳри имрӯз вориди Душанбе шуд, дар маросими ифтитоҳи дуввумин пул дар фарози рӯдхонаи Панҷ иштирок хоҳад кард. Як қисми масрафоти сохтмони пули мазкурро Бунёди Рушди Оғохон ба ӯҳда дорад ва ин пул Бадахшони Тоҷикистонро бо Бадахшони Афғонистон васл хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG