Пайвандҳои дастрасӣ

Линн: "Шумораи фақирони Осиёи Марказӣ афзудааст."


Йоҳаннес Линн - раҳбари ҳайъати коршиносони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ кардааст. Намояндаи СММ пас аз хатми мулоқоташ бо раиси ҷумҳур ба хабарнигорон гуфт: "Мо ҷиҳати таҳияи як гузориши куллӣ роҷеъ ба самтҳои усулии ҳамкориҳои минтақавӣ ба роҳбарони кишварҳои минтақа кӯмак хоҳем кард. Ман гумон мекунам, ин гузориш то тобистони соли оянда комилан омода хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки роҳбарони кишварҳои минтақа барои худ мушаххас кунанд, ки дар кадом самтҳо ҳамкориҳо бештар муфид хоҳад буд."
Оқои Линн гуфт, яке аз ҳадафҳои дигари мо ин аст, ки таваҷҷӯҳи коршиносони маҳаллиро ба ин кор, яъне барои таҳияи гузориши мазкур ҷалб кунем.
Раҳбари ҳайъати коршиносони Барномаи рушди Созмони Милал ҳамчунин гуфт, барои баррасии масоили мушобеҳ онҳо бо мақомоти кишварҳои минтақа Қазоқистону Қирғизистон мулоқотҳо анҷом дода ва дар чаҳорчӯби барномаҳои мушаххас бо ин кишварҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Вай афзуд, қаблан бо пуштибонии Барномаи рушди Созмони Милал як нишасте дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи ҷилавгирӣ аз густариши СПИД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Йоҳаннеес Линн ҳамчунин гуфт, ки ҳайъати коршиносони Барномаи рушди Созмони Милал дар назар дорад, ҷиҳати анҷоми асноди ин кишвархо барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кӯмак кунад. Яке дигар аз мушкилоти ҷиддие, ки пешорӯи кишварҳои минтақа қарор дорад, нодорӣ ва фақри рӯзафзуни ҷомиа мебошад. Ба ақидаи ҷаноби Линн, тақсимот ва баҳрабардории нодуруст аз захоири табиии назири обу барқ ва ҳамчунин эҷоди мавонеъи сунъӣ дар истифодаи роҳҳо, нодорӣ ва камбизоатиро дар минтақа бештар кардааст.
Ҷаноби Линн гуфт, масоиле, ки баршумурда шуд, мушкилотеанд, ки кишварҳои минтақа танҳо бо ҳамкорӣ метавонанд, роҳи ҳалли онҳоро пайдо кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG