Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Намояндагон ба таътил рафт


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо таҳия ва қабули 89 қонун, 155 қарор ва тасвиби беш аз 30 созишномаву қарордод ва дигар асноди ҳуқуқӣ ба иҷлосияи навбатии худ поён дод. Иҷлосияи баъдӣ ва вопасини ин даври Маҷлиси Намояндагон дар моҳи октябр оғоз ва то поёни замони ваколати маҷлис дар моҳи феврали соли 2005 идома хоҳад кард.
Ҷумъабой Сангинов - раиси фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон фаъолияти як соли ахири палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карда, гуфт, иҷлосияи панҷум як саҳифаи тозае дар фаъолияти қонунгузории кишвар мебошад. Оқои Сангинов гуфт, тӯли ин муддат вакилон як идда аз қавонини муҳими марбути сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул карданд, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Ҷумъабой Сангинов қабули қавонини маориф, ба таълиқ андохтани ҳукми эъдом ва дар заминаи ду тарҳи алтернативӣ таҳияи як қонуни ҷадиди интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки ба гуфтаи вай, ҷиҳати баргузории як интихоботи озоду шаффоф дар ин кишвар шароит фароҳам кардааст, ба унвони намунаи хуби фаъолияти Маҷлиси Намояндагон зикр кард.
Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар ин назар мувофиқ нестанд. Ҳикматулло Сайфуллозода - сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз он, ки Маҷлиси Намояндагони кишвар дар иҷлосияи панҷуми худ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо бештари қавонин ва қарорҳои қабулшуда аз сӯи ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, танҳо қонуни муҳим ,ки баҳсҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард, ин қонуни ҷадиди интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Аммо афзуд вай, дар қабули ин қонун Маҷлиси Намояндагон умдатарин пешниҳодоти аҳзоби сиёсии ин кишварро сарфи назар кард.
Раҳматулло Валиев - дабири масъули Ҳизби Демократи Тоҷикистон низ фаъолияти Маҷлиси Намояндагонро дар тӯли ин муддат ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, гуфт, қонуну қарорҳое, ки аз сӯи палатаи поёнии парлумон дар иҷлосияи панҷуми он қабул шуд, ба таври зарурӣ ба зиндагии мардум муаассир набудааст.
Гуфтанист, таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон то сентябри соли равон идома дошта, сипас аз аввали сентябр то моҳи октябр намояндагони мардум дар маҳалҳо бо интихобкунандагони худ мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG