Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти марзбонони тоҷику рус


Нуриддин Амирқулов - сардори идораи нозироти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таҳвили ҳимоят ва назорати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аз итоати нирӯҳои марзбонии Русия ба ихтиёри марзбонони тоҷик ҳалли худро пайдо кардааст.
Оқои Амиркулов афзуд, музокироти ҳайъати коршиносони низомии нирӯҳои марзбонии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе, ки тайи рӯзҳои 29 ва 30 июн идома дошт, бо таҳияи пешнависи чаҳор созишнома анҷом ёфт. Ба иттиллоъи ҳамин манбаъ, дар қадами аввал минтақаи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар қисмати Бадахшон то сентябри соли равон комилан дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузошта хоҳад шуд.
Оқои Амирқулов гуфт: "Ҷузъу томҳои сарҳадии марзбонони Русия, ки дар ноҳияҳои Шӯрободу Маскав ва ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доранд, соли 2005-ум ин минтақа ба ӯҳдаи сарҳадбонони тоҷик гузошта мешавад."
Сардори идораи нозироти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон афзуд, ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда як қисмати хатти марз дар ноҳияи Панҷ то як соли дигар дар ихтиёри марзбонони Русия мемонад, аммо мӯҳлати ниҳоии таҳвили ин қисмати марз соли 2006 таъйин шудааст.
Сарҳанг Амирқулов гуфт, дар ҷараёни музокироти ҳайъати коршиносони низомии ҳарду кишвар, тарҳи ниҳоии созишномаи нави байнидавлатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати таъйини мақому шароит ва идомаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон таҳия шуда ва дар ин замина мувофиқа ба даст омадааст: "Як ҳуҷҷати дигар дар бораи минбаъд ташкил намудани як гурӯҳи фаврии сарҳадбонони Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи ин созишнома ҳам таҳия шудааст."
Амирқулов дар робита ба теъдоди ин гурӯҳи фаврӣ чизе дақиқ нагуфт, вале афзуд, гурӯҳи мазкур ба сифати мушовирони низомӣ дар назди баъзе аз қитъаҳои марзбонӣ фаъолият хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол нирӯҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон аз баргузории як тамриноти низомӣ дар минтақаи марзии ноҳияи Панҷ хабар доданд.Тибқи иттиллоъи дафтари матбуотии нирӯҳои марзбони Русия ҳадаф аз ин тамринот санҷиши омодагии гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии нирӯҳои марзбонӣ дар муқобила бо марзшиканон ва қочоқчиён дар мавозеъи қамишзор ва талу теппаи ин минтақаи марзӣ мебошад.
Дар ҷараёни ин тамринот 8 чархболи МИ-8 ва ду чархболи навъи МИ-24 истифода шудааст. Нуриддин Амирқулов -сардори идораи нозироти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон гуфт, созишномаҳои таҳияшуда дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав ва мулоқоти вай бо Владимир Путин, ки интизор меравад, то ду рӯзи дигар сурат гирад, ба имзо бирасад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG