Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби Қонуни муқобила бо хариду фурӯши инсон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Қонуни муқобила бо хариду фурӯши инсонро ба тасвиб расонид. Барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон чунин қонуне қабул мешавад. Шерхон Салимов, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҷлиси Намояндагон ва аз муаллифони қонуни мазкур, дар мавриди ҳадафи таҳияи он мегӯяд: "Мақомоти давлатии Тоҷикистон баҳри пешгирии хариду фурӯши одамон тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Қабули қонуни мазкур низ яке аз он тадбирҳое мебошад, ки баҳри мубориза, пешгирӣ ва бартараф намудани хариду фурӯши одамон нигаронида шудааст."
Ба гуфтаи оқои Салимов, қонуни мазкур иборат аз ҳафт боб, масоили вобаста ба мубориза бо хариду фурӯши инсонро танзим мекунад. Қабл аз ҳама дар ин қонун ниҳодҳои муборизакунанда бо хариду фурӯши одам ва вазифаву салоҳияти ин ниҳодҳо мушаххас шудааст. Қонуни мубориза бо қочоқ, ё хариду фурӯши инсон ҳамчунин вазъи ҳуқуқии афроди мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаро муайян мекунад. Аз ҷумла як силсила замонатҳо барои ҷабрдида дар ин қонун пешбинӣ шудааст.
Шерхон Салимов мегӯяд: "Бехатарии шахс таъмин карда мешавад, ба ин шахс паноҳгоҳ дода мешавад, дар қонуни мазкур бевосита пешниҳод шудааст, ки ба мӯҳлати як моҳ ба ӯ паноҳгоҳ дода мешавад, агар худи ӯ розӣ бошад ин паноҳгоҳ ба ӯ то замони поён ёфтани парвандаи вобастаи ӯ дода мешавад. Ва инчунин дигар кафолатҳои бехатарӣ ва дахолатнопазирии шахсият ба он таъмин карда мешавад."
Ба гуфтаи бархе вакилони Маҷлиси Намояндагон, тайи чанд соли охир ҳодисаи қочоқи занону кӯдакон ва истифодаи инсонҳо ба мақсадҳои мухталиф ба мушоҳида расидааст. Ва қабули қонуни мазкур дар ростои таҳкими мубориза бо қочоқи инсон ва иҷрои тааҳудоти Тоҷикистон, ки аз санадҳои байналмилалии имзонамудаи он дар заминаи таъмини таъмини ҳуқуқи башар бар меояд, қобили арзёбист.
Бо қабули ҳамин қонун иҷлосияи навбатии Маҷлиси Намояндагон ба кори худ поён дод. Иҷлосия баъдии Маҷлиси Намояндагон баъди таътили тобистонии вакилон дар моҳи октябр оғоз хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG