Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавиштҳои талх ва модарони чашм ба роҳ


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд. Беш аз 70 сарбозу афсарони суғдӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 -1997) дар манотиқи марказӣ ва шарқи кишвар зимни ширкат дар амалиётҳои низомӣ гум ва бедарак шудаанд. Волидайн ва пайвандони сарбозони гумгашта хабари зинда ва ё нобуд шудани фарзандони худ ва як каф хоки марқади онҳоро меҷӯянд.

Бисабоҳат Маҳмудова як модари суғдист, ки фарзанди ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бедарак шудааст: «Абдурашид - фарзанди калонии ман, агар ҳозир барҳаёт бошад, ба 28 медарояд... Соли 1995, моҳи октябр аз як қисми ҳарбии Исфара ба Душанбе бурданд, як моҳа «командировка" гуфта. Баъди ин...." Бисабоҳат Маҳмудова дар сӯхбат бо Радиои Озодӣ афзуд, писари 19 -солаи вай Абдурашид 9 сол қабл барои ширкат дар амалиёти низоми ба зидди собиқ нирӯҳои мусаллаҳи мухолифини тоҷик ба минтақаи Тавилдара, шарқи Тоҷикистон фиристода шуда буд. Абдурашид дигар барнагаштааст ва аз ӯ то кунун даракеву нишоне нест.
Чашми ин модари бечораи тоҷик тайи ин солҳо ба роҳи бозгашти фарзандаш чор аст. Шавҳари Бисабоҳат, ба гуфтаи ҳамсараш, ба фироқи фарзанд тоб наоварда, 5 сол қабл бар асари болоравии фишори хун дар синни 49- солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Вале Бисабоҳат то ба имрӯз бар ин бовар аст, ки фарзанди гумгаштааш бозмегардад ва кулбаи эҳзони волидайн дигарбора гулистон мегардад. Ё бо ҳукми тақдир - хабари ҳалокат ва ҷойи дафни писарашро дақиқан маълум хоҳад кард: «Агар фарзанди мо шаҳид шуда бошад, ҷойи хокаша гирифта, мо хотирҷамъ шавем. Дили мо гувоҳӣ медиҳад, ки фарзанди мо зинда». Ин гуна модароне, ки мисли апаи Бисабоҳат фарзандони сарбози онҳо дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон дар минтақаи марказӣ ва шарқии кишвар зимни иштирок дар амалиёти низомӣ гум ва бедарак гаштаанд, дар вилояти Суғд кам нестанд.
Ҷавонони суғдӣ дар он давра бо фармони давлати вақт ва вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба истилоҳи расмии ҳамонвақта «баҳри ҳимоят аз сохтори конститутсионии кишвар» ба ҷараёни муборизаҳо ҷалб шуда бубанд. Мувофиқи иттилоъи расмӣ, танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва манотиқи атрофи он беш аз 70 сарбози гумгашта сабти ном шудаанд. Баҳром Усмонов - муовини камиссари низомии вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ин вилоят аз соли 1991 то соли 1996 аз ҷавонони даъватшуда аз воҳидҳои низоми 75 нафар ба ҳайси гумгашта ба қайд гирифта шудаанд.
Аммо модарони фарзандгумкарда шумораи афсару сарбозони бедарак дар саросари Суғдро аз 300 нафар зиёд медонанд.
Ба назари коршиносони ин масъала, сабти номи афсару сарбозони эҳтиётие, ки ғайр аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ, аз зиндагии осоишта ба амалиётҳои ҷангӣ ба минтақаи шарқи Тоҷикистон ҷалб ва пасон бедарак шудаанд, дар ягон идораи Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Волидайни фарзандгумкарда мегӯянд, ки тӯли беш аз даҳ соли сипарӣ як лаҳзаеву соате ҳаргиз аз фироқу ёди фарзандҳои аз дастдодаи худ орому қароре надоштаанд. Бархе аз онҳо манотиқи шарқи Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Тавилдараро сару бар қадам зада ва гӯрҳои сарбозони номаълумро бозҷӯ ва остонаҳои вазоратхонаву идораҳо ва комиссариатҳои низомии кишварро аз рафтуомад фарсуда кардаанд, то аз тақдири фарзандони сарбози худ даракеву паёме пайдо кунанд, аммо бенатиҷа. Номаҳо, номаҳои зиёди модарон унвонии давлати Тоҷикистон беҷавоб мондаанд.
Полковник Усмонов мегӯяд, комиссариати низомии Суғд то ба имрӯз аз воҳидҳои низомӣ дар бораи сарнавишти сарбозони бенишон маълумоти дақиқе дастрас накардааст. Ӯ афзуд: «Сарбозони гумгашта то ба имруз, аз вазорати мудофиаи Тоҷикистон сар карда, то комиссариатҳои ҳарбии маҳалҳо аз ёди касе нарафтааст. Барои оилаҳои онҳо аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии Суғд, бо ёрии ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ёрии амалӣ расонида истодаем. Моҳи июни соли 2002 як қарори ҳукумати Суғд баромада буд дар бораи ҳифзи иҷтимоии оилаҳои сарбозони бенишонгашта. Мувофиқи он ба ҳамаи сарварони шаҳру навоҳии вилоят волидайни сарбозони гумгашта кӯмаки амалии маънавӣ ва моддӣ расонанд ва ин корро карда истодаанд."
Аммо бархе аз модарони сарбозони гумгаштаи суғдӣ мегӯянд, ки то ибтидои соли 2002 барои аҳли байти иштироккунандаҳои амалиёти низомӣ аз ҷониби нирӯҳои мусаллаҳи давлатӣ, аз ҷониби мақомоти кишвар имтиёзоте муқаррар шуда буд. Ин имтиёзот онҳоро тақрибан ҳамрадиф бо ширкаткунандаҳои ҷанги солҳои 1991 -1945 қарор медод. Вале 2 сол қабл ин имтиёзот барҳам дода шуда шуд ва кӯмак ба аҳли байти сарбозони гумгашта аз ҷониби ҳукумати марказӣ бар дӯши ҳукуматҳои маҳал вогузор гардид.
Як соҳибназари суғдӣ, Наими Муҳаммад, ки дар сафару ҷустуҷӯҳои волидайни фарзандгумкарда дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон давоми 4 соли ахир ҳамроҳ будааст, мегӯяд: «Такдири сабозони гумгашта то ҳанӯз норӯшан аст. Ва аз ҷониби давлати Тоҷикистон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода нашуда истодааст. Албатта, комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҳукумати Суғд ҳамчун як ёрӣ, як меҳрубонӣ, мисли он, ки як эҳсон ба як гадо, ба мискин садақа мекунад, монанди ҳамин як кӯмак, як сӯҳбат дар солу моҳе як маротиба мешавад. Аммо консултатсияҳои доимӣ, дилбардориҳои доимӣ, мутааасифона, на аз ҷониби раҳбарияти вилояту ҷумҳурӣ ва на аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ дида намешавад».
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи аҳли байти афсару сарбозони суғдии дар ҷараёни амалиётҳои низомӣ гумгашта аксари мақомоти давлати Тоҷикистон сарбозони бенишонро ба дасти фаромушӣ супурдааст. Сарбозонеро, ки барои сари қудрат омадани давлати кунунии кишвар роҳро ҳамвор намуда буданд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, аксари мақомоти масъули кишвар дари идораҳои худро барои кӯмак дар ҷустуҷӯи ному нишони сарбозони бедарак дар рӯ ба рӯи ҳамсарону волидайни сарбозон бастаанд. Бисабоҳат Маҳмудова - модари як сарбози гумгаштаи суғдӣ мегӯяд: "Агар дар бораи фарзандомо ягон хату хабар ба дасти мо биёяд, ба ҳамон адресҳо моро баретон, худомо рафта бинем, гӯем, хоҳиш намекунанд. Дар дастомо пул нест, ки худомо равем, ноилоҷ шуда шиштаем. Кай ба идораҳо наравем, «дида мебароем», «дида мебароем» - мегӯянд халос. Дигар гап нест."
XS
SM
MD
LG