Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов: "Мехостанд, Тоҷикистонро пора-пора кунанд."


Рӯзи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон ба муносибати рӯзи "Ваҳдати миллӣ" як ҳамоиш бо ширкати масъулони сулҳи тоҷикон сурат гирифт. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ ва коршиносону сиёсатмадорон ҳузур доштанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни суханронии худ дар ин нишаст, имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи 27 июни соли 1997-ро марҳилаи тақдирсоз хонда гуфт, баъзе аз кишварҳои хориҷӣ мехостанд, бо эҷоди низоъ дар Тоҷикистон ин кишварро ба се бахш, ҳавзаи Хуҷанд, минтақаи Хатлон ва Бадахшон тақсим намуда, манофеъи геополитикии худро дар минтақа ҳифз намоянд. Аммо президент Раҳмонов аз ин кишварҳо ном набурд.
Вай гуфт: "Нақшаи тақсимоти ҳудудии кишварамонро мекашиданд. Хотирнишон бояд кард, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд." Эмомалӣ Раҳмонов афзуд, Тоҷикистон дар ҳоле рӯзи "Ваҳдат"-ро таҷлил мекунад, ки дар 7 соли оромишу бидуни ҷанг тавонистааст, дар сиёсату иқтисод ва фарҳанг ба пешрафтҳо ноил шавад. Сулҳ имкон дод, ки иқдомоти муҳим дар роҳи бозсозии кишвар шурӯъ гарданд, сохтмони нақби "Уштур", идомаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, ҳамчунин нерӯгоҳи Роғун, шоҳроҳи Душанбе-Қулма-Қароқурум аз ҷумлаи тарҳҳои муҳиме мебошанд, ки дар муддати ин ҳафт сол рӯи даст гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик ва сарвари собиқ Комиссияи оштии миллӣ, рӯзи имзои Созишномаи сулҳро воқеан рӯзи ваҳдати миллӣ номида, афзуд, муттаасифона моҳияти ин рӯзро на ҳама аз доираҳои давлатӣ дарк мекунанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ин рӯз бояд фаротар аз ин гуна нишастҳои расмӣ таҷлил карда шавад: "Бояд, ки ин ҷашн ҷашни миллат бошад. Бояд, ки ин ҷашнро на танҳо дар як сатҳи роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи тамоми миллати Тоҷикистон бояд ҷашн бигирем. Ин рӯзро бишиносанд ва ин рӯзро қадр кунанд." Ба думболи ин ҳамоиш, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои аҳли нишаст як зиёфат орост. Бисту ҳафтуми июн, рӯзи имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон рӯзи якшанбе аст, аммо мақомоти идораҳои давлатӣ аз баргузории кадом маросимҳои идона иттилоъ надодаанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG