Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати қатори Хуҷанд-Душанбе қатъ мешавад?


Мақомоти вилояти Саратови Русия ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши муҳоҷирон ба минтақа ба қатъи ҳаракати қатор аз Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Дар ин бора муовини раиси вилояти Саратов Сергей Лисовский дар ҷаласаи мақомоти гумрукии Русия ва Қазоқистон хабар дод. Вай гуфт, мақомоти вилояти Саратов оҷилан ба ҷамъоварии маълумоти зарурӣ, аз ҷумла гумрукӣ пардохтааст, то ҳаракати қатори Хуҷанд-Саратовро қатъ намояд.
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Саратов, пас аз вуруди нахустин қатор аз Хуҷанд ба Саратов фурӯши маводи мухаддир афзоиш ёфт. Дар хиёбонҳо бомж, яъне велгардҳо ва талбандаҳо аз Тоҷикистон пайдо шудаанд ва бо бачагони хурдсоли худ дар ҷодаҳо маскан гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи ширкати «Роҳи оҳани Русия» дар Маскав дар ҷавоб ба мавқеъи мақомоти Саратов гуфт, ҳоло исбот нашудаааст, ки талбандаҳо аз Тоҷикистон омадаанд ва барои чанд нафаре ҳазорҳо одамонро аз ҳаққи истифода аз роҳи оҳан маҳрум карданд, маҷоз нест.
Хати роҳи оҳани Хуҷанд-Саратов масири байналмилалии ҳамлу нақл ба шумор меравад ва дар чаҳорчӯби Шӯрои роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ тасдиқ мешавад. Азсаргирии ҳаракат дар хати Хуҷанд-Саратов дар охирин ҷаласаи шӯро моҳи июни соли 2004 дар Тошкант тасдиқ шудааст.
Барои он ки ин қарор бозбинӣ шавад, мақомоти Саратовро лозим аст, ба раёсати шӯро муроҷиат намояд ва аммо ҷавоби усулиро танҳо дар ҷаласаи шӯро, ки баргузории он ба моҳи ноябр дар Минск дар назар аст, дарёфт хоҳад кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG