Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро дар Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон


Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25 июн бо пахши як изҳорот баргузории анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб дар охири ҳафтаи гузашта аз тарафи як идда аъзои онро ғайриқонунӣ хонд.
Мирҳусейн Назриев - раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду тан аз аъзои пешини ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров, раиси собиқи ин ҳизб дар Душанбе ва Қурбон Восиев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хилофи ойинномаи ҳизб ва бо даъвати вакилони сохта анҷуман доир намуда, ӯ ва дигар аъзои раёсатро аз роҳбарияти ҳизб барканор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки афзуд оқои Назриев, ҳардуи ин нафар барои муносибати ғайримунсифона бо қарори ҷаласаи кумитаи иҷроия аз Ҳизби Сотсиалист ихроҷ шуда буданд.
Оқои Назриев мӯътақид аст, ҳадаф аз баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ва дубора пас аз чаҳор соли ихроҷ, садо баланд кардани Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо маслиҳат ва роҳнамоии гурӯҳҳхои хос дар кишвар сурат гирифтааст. Мирҳусейн Назриев мегӯяд, ин гурӯҳҳо мақсад доранд, ҳизби сотсиалистро аз узвияти Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат берун орад ва ба ҳамин васила аз нуфузи эътилоф дар арафаи интихоботҳои қарибулвуқӯи парлумон ва раиси ҷумҳур ҷилавгирӣ кунад.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, ки ҳамакнун худро раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон муаррифӣ мекард, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, иллати даъвати анҷумани ғайринавбатӣ ноӯҳдабароӣ ва сиёсати нодурусти пешгирифтаи Мирҳусейн Назриев аст. Ихтилофи миёни раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Мирҳусейн Назриев ва Абдуҳалим Ғаффоров раиси собиқи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе аз чаҳор моҳи пеш шурӯъ шуда буд. Тайи ин муддат дар нашрияҳои чопии Душанбе ин ду борҳо ҳамдигарро ба нақзи ойиннома ва сирқати амволи ҳизб муттаҳам карданд. Аммо рӯзи 20 июн замоне, ки Мирҳусейн Назриев мусофирати вилояти Суғд доштааст, Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев дар Душанбе як анҷумани ғайринавбатии ҳизбро доир ва Мирҳусейн Назриевро аз вазифаи раиси маъзул мекунанд.
Тибқи иттиллоъи масъулини ҳизб, ки ҳоло дучори бӯҳрони дохилӣ шудааст, замони ҳаёти Сафаралӣ Кенҷаев муассиси ҳизб ин созмон ҳудуди сӣ ҳазор узв доштааст. Аммо ба думболи террори Сафаралӣ Кенҷаев бисёре аз аъзои ин ҳизб ба сафи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ пайваста, бархеи дигар аз тарс сафи ҳизбро тарк карданд. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ яке аз ду нафаре, ки худро ба унвони раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, шумораи дақиқи аъзои онро намедонанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG