Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи Тоҷикистон барои тавсиаи бозори саҳҳом


Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи махсусеро бо ҳадафи рушди бозори авроқи гаронбаҳо дар ин кишвар таъсис дод. Ҷамшед Шерматов - сардори бахши Оҷонсии авроқи гаронбаҳо дар вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, вазифаи ин комиссия омӯзиш ва таҳияи пешниҳодот ва мутобиқсозии қавонини соҳавии кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди бозори авроқи гаронбаҳо дар Тоҷикистон мебошад: "Аз он ҷумла ворид кардани як қатор тағйиротҳо ба Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дар бораи коғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ, инчунин ба барномаи ҳукуматии чанде пеш қабул шуда, барномаи инкишофи бозори коғазҳои қимматнок дар назар дошта шудааст."
Оқои Шерматов афзуд, комиссияи мазкур, ки аз намояндагони ниҳодҳои зидахли кишвар, назири Бонки Миллӣ, вазорати иқтисоду тиҷорат, вазорати адлия, вазорати даромад ва пардохтҳо ва кумитаи амволи давлатӣ ташкил ёфтааст, қавонини танзимкунандаи фаъолияти бозори авроқи гаронбаҳоро аз нав таҳия хоҳад кард. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ба ин далоил, ки аксари ин қавонин дар оғози солҳои навадуми асри гузашта пазируфта шудаанд, дар ҳоли ҳозир ниёз ба бознигарии ҷиддӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳоло аз ду навъи авроқи гаронбаҳо, ки яке вомбаргу векселҳои муталлиқ ба давлат ва дуввум саҳмияҳои марбути корхона ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ кор гирифта мешавад. Ҷамшед Шерматов - намояндаи Оҷонсии авроқи гаронбаҳои вазорати молияи Тоҷикистон дар робита ба аҳамият ва суди рушди бозори авроқи гаронбаҳо ба иқтисоди кишвар чунин гуфт:
"Ин пеш аз ҳама нисбати дигаргун шудани шакли моликияти корхона дахл дорад. Ва яке аз механизмҳои дигари ба даст овардани маблағи иловагӣ ин баровардани саҳмия, яъне аксияҳо ҳисоб мешавад." Оқои Шерматов афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз панҷсад ҷамъияти саҳҳомӣ фаъолият дорад. Аммо ҳеҷ яке аз ин ҷамъиятҳо то ҳоли ҳозир ба интишор ва фурӯши авроқи қимматбаҳо шурӯъ накардаст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, қарор аст, комиссияи мазкур дар ниҳоят як барномаи ҷадиди давлатиро дар иртибот ба рушди бозори авроқи гаронбаҳо дар кишвар таҳия кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG